Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Пятница, Февраль 24, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Ҷалби ҷомеа ба пешгирии омилҳои номатлуб

Ҷалби ҷомеа ба пешгирии омилҳои номатлуб 

IMG_5999

Имрӯз, 7 январ дар толори театри драмма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бӯстон перомуни тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, вазъи ҷинояткорӣ дар соли 2016 ва вазифаҳо дар самти пешгирии ҳамагуна ҷинояткориҳо дар соли 2017 мулоқоти раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Дадобойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ баргузор гардид. Дар мулоқот, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонону занон, ходимони дин, раисон ва фаъолони маҳал ва дигар қишри ҷомеа ширкат доштанд.

Нахуст раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода перомуни Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дар он арзёбӣ гардидани масоили аз сар гузаронидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муборизаи дастаҷамъона бо неруҳои бадхоҳ аз ҷумла терроризм ва экстремизм, густариш ва инкишофи минбаъдаи бонизоми рукнҳои давлатдории навини миллӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таъмини зиндагии шоиста, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, таваҷҷуҳ ба масоили дастгирии давлатии ҷавонон, софдилонаву садоқатмандона иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ ва ба ин монанд масоили марбут ба рушди ҷомеаи муосир ибрози назар намуд. Номбурда дар самти ҷонибдории созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аз иқдомоти наҷиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»»-ро яке аз беҳтарин иқдомҳо дар самти таъмини дастрасии аҳолии сайёра бо оби тозаи нӯшокӣ унвон дод.

Инчунин мавфус оиди бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, № 776 қабул гардидани «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ибрози назар намуда, ҷиҳати таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар ҳудуди шаҳр сухан ронд

Инчунин номбурда дар мавриди пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва иштирок дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ ва амсоли инҳо зикр намуда аз ҳамагон барои пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб даъват ба амал овард.

Сипас, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Дадобойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ оид ба фаъолияти шуъба дар соли 2016 ҳисобот дода, оид ба таъмини боэътимоди волоияти қонун, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини дорои таъсири васеъи ҷамъиятӣ ва раванди экстримистӣ-террористӣ ва дар ин самт гузаронидани амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» дар қаламрави шаҳр ибрози назар намуд. Номбурда оид ба татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 июни соли 2016, № 300 дар бораи «Барномаи вилоятии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2016-2017» ёдовар шуда, дар самти пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ-экстримистӣ, танзими раванди муҳочирати меҳнатӣ, пешгирии ҷинояткории ноболиғону ҷавонон, риояи қоидаҳои бехтарии ҳаракат дар роҳ, ба танзим даровардани фаъолияти бозорҳо ва нуқтаҳои савдо, тамоюлҳои бегонапарастӣ, пешгирии амалҳои зӯроварӣ дар оила ибрози назар намуд.

Дар интиҳо Раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода ҷиҳати пешгирии ҳамагуна ҷиноятҳо, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, таваҷҷуҳ ба масоили ҷавонон дар “Соли 2017-соли ҷавонон”, омодагиҳо ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнвораҳои бузурги миллӣ ибрози назар намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар дигар қишрҳои ҷомеаи шаҳри Бӯстон рафти тарғиби ҳамаҷонибаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ идома дорад.

Шарҳ диҳед