Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Январь 17, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Ҷаласаи комиссияи фавқулоддаи зиддиэпидемикӣ баргузор гардид

Ҷаласаи комиссияи фавқулоддаи зиддиэпидемикӣ баргузор гардид 

КОМИССИЯ

Дирӯз, 6 январ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр, раиси комиссия Киромуддин Мухторзода ҷаласаи комиссияи фавқулоддаи зиддиэпидемикии шаҳр бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр, мудирони кӯдакистонҳо, намояндагони соҳаи тандурусӣ аз ҷумла табибони оилавӣ, раисони маҳалаҳои шаҳр, намояндагон Раёсати молия, муассисаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи минтақаи шаҳри Бӯстон, Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ, идораи бойторӣ ва аъзоёни комиссия баргузор гардид.

Нахуст дар кори ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти комиссия дар соли 2016 ва вазифагузориҳо барои соли 2017, тасдиқи ҳайат ва нақшаи кории комиссия барои соли 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сипас, аъзои комиссия, сарвари муассисаи Кӯмаки аввалияи тиббии санитарии шаҳр Гулбаҳор Эмомова дар мавзӯи «Омилҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии бемории зардпарвин, аз ҷумла зардпарвини вируси А» суханронӣ намуда, аз раванди пайдоиш, пешгирӣ ва дигар роҳҳо дар ин самт ибрози назар намуд.

Номбурда перомуни бемории зардпарвин суханронӣ намуда, зикр дошт, ки зардпарвинро вобаста ба сабаб ва тарзи пайдоиш ба се навъ ҷудо мекунанд: Зардпарвини ҷигар (паренхимӣ), Зардпарвини механикӣ ва Зардпарвини гемолизӣ (хунобӣ). Ҳамзамон оид ба омилҳои пешгирикунандаи аз ҷумла риоя кардани қоидаҳои маъмули гигиена:  шустани дастон пеш аз истеъмоли хӯрок, истеъмол накардани сабзавот ва меваҳои ношуста, нанӯшидани оби ноҷӯшида аз сарчашмаҳои номаълум ибрози назар намуда, ҳамагонро барои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ даъват намуд.

Мунирхон Каримов – сардори идораи байтории шаҳр, номзади илмҳои ветеринарӣ, дар мавзӯи “Хатарҳои бемории ҳорӣ ва роҳҳои пешгирии  он” ибрози назар намуда, баён дошт, ки ҳорӣ – ин бемории сироятии гармхунҳо (ҳайвонот, одам ва паррандаҳо) буда, асосан баъди газидан ё ҷароҳат расонидани ҳайвони касал пайдо мешавад.

Дар охир аз ҷониби раиси комиссия ба ҳозирин ҷиҳати муборизаи дастаҷамъона ва пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ дастур дода шуд.

Шарҳ диҳед