Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Январь 17, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ оғоз гардид

Шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ оғоз гардид 

nihol-2

Дар кӯчаву хиёбонҳо ва дигар мавзеъҳои шаҳри Бӯстон ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 — солагии Иҷлосияи XVI — Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ ва шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ оғоз гардид.

Барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр то имрӯз 500 бех дарахтони ороишӣ шинонда шуда, дар назар аст, ки то охири мавсим беш аз 2700 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шавад.

Масъулин изҳор медоранд, ки дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа бо риояи талаботу қоидаҳо дарахшинониро идома мебахшанд.

Зимнан, соли гузашта дар кӯчаву хиёбон, назди хонаҳои баландошёна ва дигар мавзеъҳои шаҳр 2690 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан шинонида шуда буд.