Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Январь 17, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Табрикоти Раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода ба муносибати Иди саиди Фитр

Табрикоти Раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода ба муносибати Иди саиди Фитр 

rais

Ҳамшаҳриёни азиз!

Боиси шукргузорист, ки ҳамасола дар кишвари маҳбубамон дар фазои сулҳу суббот Иди Саиди Фитр бо файзу шукӯҳ ва иҷрои амалҳои хайру савоб таҷлил мегардад. Ин Иди муборак бо баракоти осмониаш ба кошонаҳои ҳар яки мову Шумо ҳамчун рамзи лутфу меҳрубонӣ, сулҳу сафо ва хайру эҳсон бо тамоми хусусиятҳои хоси худ қадам мегузорад.

Бо ҳамин васила фарорасии ин Рӯзи саидро ба ҳамаи Шумо таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, тансиҳативу хонаободӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти минбаъдаатон муваффақиятҳои беназирро таманно дорам.

Боиси қайд аст, ки моҳи мубораки Рамазон моҳи мағфирати гуноҳ, моҳи нузули раҳмату мағфират, моҳи саршор аз файзу баракат, моҳи хайру эҳсон ва моҳи иҷобати дуоҳо маҳсуб ёфта, дар ин моҳи муборак ҳамаи пайравони дини мубини ислом бо амалҳои хайр машғул гардида, аёдати оилаҳои камбизоат, пирони хирад, ятимону маъюбон, беморон ва табақаҳои ниёзманди аҳолиро ба роҳ хоҳанд монд. Бо баробари фарорасии моҳи мубораки Рамазон кулли мардуми мусалмон ба идомаи корҳои ободониву созандагии ҷомеаи мутамаддин кӯшиш ба харҷ дода, ҷиҳати иҷрои амалҳои хайру савоб ва некиву накӯкорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Боиси сарфарозист, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи гиромидошти аркони дини мубини ислом таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида истодааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи мубораки Рамазонро мавсими садақаву хайрот унвон дода, ибрози назар намуданд, ки моҳи шарифи Рамазон инсонро ба парҳезгорӣ, покӣ ва тақво, шикастани ҳавову ҳавас, ғалаба бар нафс, зудудани бадиҳо, эҳсоси шавқату бародарӣ ҳидоят менамояд.

Ин аст, ки рӯзадорӣ дар моҳи шарафи Рамазон дар радифи калимаи шаҳодат, намоз, закот ва ҳаҷ рукни чаҳоруми аркони панҷгонаи бинои дини мубини ислом мебошад.

Боиси зикр аст, ки Паёмбари акрам дар саховатмандӣ, ҷавонмардӣ ва ғамхориву дилсӯзӣ ба ниёзмандон намунаи ибрат буда, дар моҳи мубораки Рамазон бештар иҷрои амалҳои некро ба роҳ монда, ба бахшишу эҳсон, накӯкориву саховатмандӣ ва дастгирии ятимону бепарасторон ҳамагонро талқин менамуд.

Мавриди ёдоварист, ки дар қаламрави вилояти Суғд таҳти роҳбарии бевоситаи Раиси вилоят, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ корҳои хайроту эҳсон, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва шахсони яккаву танҳо дар моҳи мубораки Рамазон ба роҳ монда шуд.

Дар арафаи ин моҳи бобаракот мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов, ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ низ бо мақсади пуштибонии пирони хирад, собиқадорони меҳнат, маъюбону барҷомондагон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ятимону бепарастон мунтазам расонидани  кӯмакҳои моддиро амалӣ намуданд, ки ин тадбир мунтазам идома хоҳад ёфт.

Бори дигар ҳузури мубораки ин санаи муқаддасро ба ҳамаи Шумо  ҳамшаҳриёни азиз, самимона таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор ва шодмониву комронӣ таманно дорам.

Иди Саиди Фитр муборак, ҳамшаҳриёни азиз!

Саҳифа: Табрикоти Раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода ба муносибати Иди саиди Фитр

  1. Юлдашева

    Многоуважаемая муаллима Рухсора Давлатзода и все-все сотрудники, руководители всех отделов а также весь персонал Аппарата Хукумата города Чкалов(ск)! Примите и наши искренние поздравления в честь празднования благословенного праздника Ид Аль-Фитр, праздника Рамазан! Будьте всегда здоровы, успешны, счастливы, богаты, любимы и востребованы! Да пусть Всевышний примет все Ваши посты, молитвы и благие деяния и вознаградит Вас тем чем пожелаете! Желаем чтоб в Ваших семьях всегда будут мир и тепло!
    Иди Рамазон омаду мохи Рамазон рафт,
    Сад шукр ки ин омаду сад хайф, ки он рафт.
    С наилучшими пожеланиями и глубоким уважением от Юлдашевой У. И.

Шарҳ диҳед