Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Январь 17, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Табрикоти Раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ

Табрикоти Раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ 

rais

Фараҳи 18-умин солгарди таҷлили ҷашни мубораки Ваҳдати миллиро бо таманниёти самимӣ ба ҳамаи Шумоён таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки кабӯтари сулҳу амонӣ ва шодиву нишот ҳамеша дар осмони софу беғубори Тоҷикистони азиз парафшонӣ кунад.

Воқеан, Созишномаи истиқрори сулҳ дар саҳифаи таърихи мардуми сулҳофарини тоҷик марҳилаи ҷадидеро оғоз бахшида, дар тафаккури наслҳои оянда ҳамчун санади тақдирсоз нақш бастааст.

Аз ин ҷост, ки мафҳумҳои сулҳу ваҳдат ва фарҳанги волои мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддас табдил ёфта, дар ташаккули ахлоқу фарҳанг ва ҳаёти маънавии ҷомеаи мо заминаи мустаҳкам гузошт.

Дар Паёми навбатии Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Ваҳдати миллӣ чунин баён гардидааст: «Мақсади муҳимтарини мо дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир ҳифз кардан ва таҳким бахшидани давлатдории миллӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем».

Ваҳдати миллӣ дар ҳақиқат оғози марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоли тоҷик буда, он бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ва азму иродаи қавии халқи кишвар ба даст омадааст. Пойдорӣ ва густариши сулҳу ваҳдати миллӣ барои ҳар як фарди ҷомеа ҳамчун сабақи таърихӣ ва мактаби бузурги зиндагӣ гардид. Маҳз зери самои ваҳдат ва сулҳ, халқҳои кишварамон нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориро иҷро намуда, роҳи равшани амалигардонии дастовардҳои навин ва корнамоиҳои дурнаморо сармашқи фаъолияти хеш қарор додаанд.

Дар марҳилаи кунунӣ, чун дигар мардумони ватани азизамон аз ҷумла, дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси вилоят, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ созандагиву бунёдкорӣ ҳадафи муқаддас қарор дода шудааст, ки аз ояндаи дурахшони неки кишвар дарак хоҳад дод.

Боварӣ дорем, ки ҳар як сокини баору номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳанпарасти шаҳрамон дар қалбу шуури худ ҳисси дӯстиву ваҳдатро парварида, барои таҳкими он чун дастоварди бебаҳои замони истиқлолият баҳри ободиву созандагиҳои шаҳри азизамон кӯшиш менамояд.

Бори дигар  Рӯзи Ваҳдати миллиро барои ҳар яки Шумо самимона шодбош намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, саодати рӯзгор  ва дар меҳнати садоқатмандонаатон баҳри шукуфоии шаҳр ва Ватани маҳбубамон  комёбиҳо орзу менамоям.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Саҳифа: Табрикоти Раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ

  1. Малохат

    Уважаемые руководство и сотрудники Хукумата города Чкалов(ск)! Поздравляем всех Вас с Наступающим Праздником Таджикистана, с 18-летным годовщиной Национального Единства страны! Желаем всем сплошных благополучия, процветания и мирного, чистого небо над головой! Пусть этот праздник принесет всем нам только радость и веселья!
    с наилучшими пожеланиями,
    Юлдашева М.И.

Шарҳ диҳед