Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Январь 17, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Табрикоти Раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода ба муносибати Рӯзи Модар

Табрикоти Раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода ба муносибати Рӯзи Модар 

unnamed

Модарону бонувони гиромӣ!

Ҳамшаҳриёни азиз!

Бо лутфу самимият ва меҳру муҳаббати афзун фарорасии Рӯзи мубораки «Модар»-ро ба Шумоён бонувону модарони азиз самимона шодбош гуфта, хушиҳои умр, саодату фатҳи иқболи баланди зиндагиро таманно менамоям.

Боиси хушнудист, ки фарорасии баҳори оламафрӯз ба Иди модарони азиз рост меояд, зеро зан – модар рисолати зебоӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш дошта, кулли зебогиҳо, покизагӣ, фатҳу кушоиш ва меҳру муҳаббат аз дастони муъҷизакораш оғоз мегардад.

Таърихи башар гувоҳ аст, ки рисолати офарандагиву тарбиятгирӣ руҳу озоду, иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида аз меҳру муҳаббат ва вуҷуди модар сарчашма мегирад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба болоравии мавқеъ ва манзалати зан дар ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат намуда,  таъкид намудаанд: «Ҷомеае, ки ба зан – модар ғамхорӣ менамояд ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад».

Бо мақсади татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави вилояти Суғд ҷиҳати дастгирии ҳамешагии занон ва модарон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, махсусан Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ тадбирҳои назаррас андешида шуда истодааст.

Фаъолияти доманадори ибратбахши занони нексиришти вилояти Суғд дар ободонии кишвар назаррас буда, алалхусус дар тарбияи наслҳо пурифтихор дониста мешавад. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз занони вилоят дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин дар кулли сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа саҳми худро гузошта истодаанд.

Имрӯзҳо қисмати бештари кормандони соҳаҳои тандурустӣ, илму маориф ва хизматрасонии иттилоотиро занон ташкил медиҳанд ва меҳанти пуршарафи бисёре аз занони пешқадами шаҳр низ боиси ифтихор ва сарфарозӣ  мебошад.

Месазад аз он ёдовар шуд, ки дар таърихи шаҳри Чкалов нақши занони пешқадам аз ҷумла, Ӯғулой Тоҳирова, Раъно Абдуллоева, Шеблетова Палина Сергеевна, Игнатова Валентина Павловна, Ишмаева Надия Аминовна, Новикова Нина Яковлевна ва дигарон бузург буда, имрӯз низ садҳо нафар занон бо меҳнати суботкоронаву шарафманди худ дар ташаккулу ободонии шаҳр саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Модарон ва бонувони азиз!

Бори дигар ин айёми фархундаи сол, фарорасии баҳори нозанин ва Рӯзи мубораки модарро ба ҳар яки Шумо табрик гуфта ба шумоён  тани сиҳату хотири ҷамъ, саодатмандиву рӯзгори бобаракот таманно дорам.

Ид муборак, модарону бонувони азиз!

Саҳифа: Табрикоти Раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода ба муносибати Рӯзи Модар

  1. Шахрванд

    Рахмат барои табрикот маллимачон.
    Мо занхои ш.Чкалов шуморо хам табрику тахният мегуем, хурсанду хона-обод бошед доим сихату саломат бошед.

Шарҳ диҳед