Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Пятница, Февраль 24, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Раиси вилоят хонандагони мактаб-интернатро аёдат намуданд

Раиси вилоят хонандагони мактаб-интернатро аёдат намуданд 

1

Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон омада ва бошандагони ин муассисаи иҷтимоиро бо соли нави мелодӣ табрик намуданд.

Раиси вилоят дар сӯҳбат бо кӯдакону наврасон ва кормандони ин муассисаи иҷтимоӣ эшонро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик намуда, зикр доштанд, ки маҳз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки имрӯзҳо ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷӯҳ қарор доранд. Тавре таъкид карда шуд, зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаи ниёзманди ҷомеа ва ғамхорӣ нисбати ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ унвон карда, масъулини мақомотҳои маҳаллӣ, корхонаву ташкилот ва шахсони дороро баҳри анҷоми кори хайру савоб ҳидоят намуданд.

Дар идомаи суханронӣ таъкид карда шуд, ки бошандагони мактаб-интернати мазкур танҳо нестанд ва давлату Ҳукумат доим соябону парастори онҳо мебошад. Зикр гардид, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи муассиса роҳбарияти вилоят тадбирҳои судманд меандешад. Аз ҷумла, баҳри таъмини тамоми бинои мактаб-интернат бо системаи ягонаи гармидиҳӣ аллакай мабалағҳои зарурӣ равона гардида,  таъмири хобгоҳ, харидории 100 адад мизу курсӣ ва либосҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин давоми соли оянда барои тарбиятгирандагон майдони варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ бунёд карда мешавад.

Сипас дар фазои тантанавӣ Раиси вилоят ба 106 нафар хонандагони мактаб-интернат тӯҳфаҳои идона аз қабили маҷмӯи сару либоси зимистона, чор адад компютер, тӯбҳои варзишӣ, 19 намуди асбобҳои мусиқӣ, ду адад дастгоҳи дарасу атласбофӣ ва ғайраро тақдим намуданд.

Раиси вилоят кулли тарбиятгирандагонро ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки баҳри ҳунармоӯзӣ ва таҳсили хонандагон тамоми шароит фароҳам карда мешавад.

Дар идома Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ бо шароити кунунии мактаб-интернат аз наздик шинос гардида, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин тамоми бинои муассисаро бо системаи ягонаи гармидиҳӣ таъмин намуда, барои шустушӯи бошандагон шароити муосид фароҳам оваранд. Инчунин ба масъулин дастур дода шуд, ки лоиҳаи бунёди ҳавзи шиноварӣ ва варзишгоҳро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Барои бошандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барномаи рангини консертии аҳли фарҳанги шаҳри Бӯстон намоиш дода шуда, дастурхони идона густурда шуд.

Хотирнишон бояд кард, ки бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва сарпарастон дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияи вилоят чорабиниҳои идона доир гардида бошандагони ин муассисаҳо ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.

Шарҳ диҳед