Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Пятница, Февраль 24, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Номи шаҳри «Чкалов» ба «Бӯстон» иваз мешавад

Номи шаҳри «Чкалов» ба «Бӯстон» иваз мешавад 

IMG_3033

Нимаи дуюми рӯз, 25 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Чкалов, даъвати панҷум аз рӯи масъалаи «Иваз намудани номи шаҳри «Чкалов» ба «Бӯстон»» баргузор гардид.

Бо садо додани Суруди миллӣ ва интихоби ҳайати котиботи Иҷлосия Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Рухсора Давлатзода, ба баррасии масъала шуруъ намуда, зикр дошт, ки тибқи қарори комиссияи шаҳрӣ оид ба номгузии кӯчаву иншоотҳо бо пешниҳоди зиёди аҳолӣ, кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, саноат ва аҳолии шаҳр тасмим гирифта шудааст, ки номи шаҳри Чкалов ба «Бӯстон» иваз карда шавад.

Аз рӯи масъалаи мазкур муовини Раиси шаҳри Чкалов Киромуддин Мухторов баромад намуда, зикр дошт, ки чанде қабл бо протоколи ҷаласаи комиссияи шаҳрӣ оид ба номгузии кӯчаву иншоотҳо аз 1 июни соли 2015 ва қарори иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум аз 25 июни 2015, № 23 «Дар бораи иваз намудани шаҳри «Чкаловск» ба «Шоҳкант» пешниҳод ирсол шуда буд. Бинобар ворид гардидани дархосту пешниҳодҳои барзиёд ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оиди ба «Бӯстон» табдил додани номи шаҳри Чкалов комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба баррасии масъала дафъатан шуруъ намуд.

Сипас, вакили шаҳрӣ Боқӣ Қудратов дар қисмати муҳокимаронии масъала ширкат намуда, аз вакилони шаҳр барои қабули қарори дахлдор дар ин самт даъват ба амал овард.

Дар интиҳо аз ҷониби вакилони халқи шаҳр пешниҳоди мазкур якдилона қабул гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар кори Иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саид Охунов низ ширкат намуд.

Саҳифа: Номи шаҳри «Чкалов» ба «Бӯстон» иваз мешавад

  1. Умед Ҷайҳонӣ

    Бо таваҷҷуҳ ба ин ки торихи шаҳри Чкалов аз бунёду роҳандозии корхонаи истихроҷу коркарди кимиёии кониҳо оғоз меёбад, онро беҳтар аст КИМИЁКАНД ё КИМИЁШАҲР биноманд.
    КИМИЁКАНД дар пайравӣ аз ҷойномҳои суғдии Хуҷанд, Панҷиканд, Самарқанд, Пайканд сохта шуда ва бо бофти ҷуғрофиёи торихии вилояти Суғд комилан созгор аст.

Шарҳ диҳед