Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Январь 17, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Дастурхони идона барои шахсони имконияташон маҳдуд

Дастурхони идона барои шахсони имконияташон маҳдуд 

IMG_5702

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дирӯз дар толори ҷамъияти маъюбони шаҳр барои зиёда аз 40 нафар шахсони имконияташон маҳдуд дастурхони идонаи солинавӣ густурда шуд.

Нахуст раиси шаҳр Рухсора Давлатзода аз ташрифи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расми иштирокашон дар мавриди баистифодасупории майдончаи футбол дар назди ҷамъият ва бори дигар ба ғамхорӣ фаро гирифтани ин қишри ҷомеа ибрози назар намуда, бо иштирокдорон суҳбати самимӣ орост.

Дар интиҳо ба иштирокдорон маводҳои ғизоӣ дастрас карда шуда, баҳри фароғати онҳо барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

Шарҳ диҳед