Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Январь 17, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Бахшҳо » Фарҳанг

Фарҳанг

Ҳисобот

оиди фаъолияти бахши фарҳанги шаҳри Чкалов дар 11 моҳи соли 2015

 

Дар ихтиёри бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов 1 китобхона, 1-китобхона-филиали №1, мактаби санъат, 1-ансамбли «Шашмақомхонон», 1-театри мазҳакаи драммаи русӣ ба номи А.С.Пушкин, 1-гурӯҳи рақсии «Ёсуман», 1-Қасри фарҳанг ва 1-адад боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С.Айнӣ фаъолият мебаранд.

Баҳри баланд бардоштани маърифати мардум, тарбияи маънавию эстетикӣ ва фароғатии шаҳрвандон муассисаҳои фарҳангии шаҳр саҳми назаррас доранд.

Ташкили чорабиниҳо

Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов фаъолияти соли 2014-и худро назаррас ҷамъбаст намуда фаъолияти кории худро бо тасдиқи нақша-чорабиниҳои бахши фарҳанг барои соли 2015 таҳия намуд бароҳ монд. Аз ҷумла дар шаҳр бахшида ба 23-феврал Рӯзи артиши миллӣ, 8-март Иди модарон, 22-март Наврӯзи Аҷам ҳамчунин бояд гуфт,ки бахши фарҳанг дар ҷашни Наврӯзи аҷам дар назди меҳмони олиқадр барномаи теаркунонидашудаи “Наврӯз аз нигоҳи кӯдакон” дар Қасри Арбоб ва дар анфитеатри Қарси Арбоб бо омода намудани барномаи театркунонидашуда ва мусобиқаи гӯштини миллӣ “Гуштингирӣ” аз ҷониби гӯрҳи эҷодии театри Пушкин дар назди меҳмонони олиқад ҷалб карда шуданд ва барномаҳои дар сатҳи баланд омода ва пешкаш карда шуданд. Бахшида 1-май Рӯзи якдилии меҳнаткашон, 9-май Рӯзи Ғалаба бар Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ,, 15-май бахшида ба Рӯзи Оила, 22-май бахшида ба Рӯзи ҷавонон, 1-июн бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳимояи кӯдакон, Ваҳдати миллӣ 27-июн, Рӯзи табибон, машварати августии омӯзгорон, Рӯзи дониш, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Рудакихонӣ, мавлавихонӣ, Иди забон, Рӯзи омӯзгорон, Рӯзи Сарқунуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10-ноябр Иди милитсия, 24-ноябр Рӯзи Парчами миллӣ чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ барои шаҳрвандони шаҳри Чкалов баргузор гардид.

Ҷиҳати баргузор намудани шабҳои эҷодӣ, сӯҳбат вохӯриҳо корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар робита бо мақомоти маҳал шӯъбаи корҳои дохилӣ, прократураи суд дар муассисаҳои таълимии шаҳр тибқи нақша чорабиниҳои бахши фарҳанг якқатор чорабиниҳои хусусияти тарбиявӣ дошта баргузор гардид.

Бахшида ба 70-солагии ҳунарманди мардумии Тоҷикистон устоди мактаби санъати шаҳр Файзуллоева Н шаби эҷодӣ бо иштироки шогирдони мактаб ва омӯзгорон дар толори мактаби санъат баргузор гардид

Бахшида ба Рӯзи китоб дар Қасри маданияти шаҳр санаи 3-сентябри соли равон маҳфили адабиву фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 300-нафар иштирок намуданд. Сараввал аз ҷониби муовини Раиси шаҳр табрикоти Раиси шаҳри Чкалов ва намояндаи вилоятӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи китоб ба тамоми иштирокчиёни чорабинӣқироат гардид, сипас аз ҷониби хонандагони мактаб композитсияи адабӣ пешкаши иштирокчиён гардид. Ҳамчунин аз ҷониби аъзоёни маҳфили синфи театрии мактаби санъат саҳначаи тарбиявӣ пешкаши гардид. Баъдан баҳри дилхушии иштирокчиёни чорабинӣ барномаи консертӣ пешкаши аҳли толор гардид.

Санаи 2-декабр дар саҳни Қасри маданияти шаҳр чорабинии фарҳангии аксия-консерт бахшида ба “Мубориза алаҳи бемории СПИД” баргузор гардид.

Бояд қайд намуда, ки дар баргузор намудани сӯҳбату вохӯриҳо саҳми муассисаҳои мактабҳои миёна Донишгоҳи кӯҳӣ-метоллургии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои мақомоти давлатӣ хело назаррас мебошад.

Доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон барои солҳои 2013-2015, пешгирии зӯроварӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбҳо, тарзи ташаккули тарзи ҳаёти солим, нашъамандӣ тибқи нақшаи алоҳидаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи «Як моҳи ҷавонӣ» баҳри тарғибу ташвиқи мавзӯъҳои мубрами ҷомеа, санаи 26-уми май дар Қасри фарҳанги шаҳр мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷавонони созанда бошем!» бо иштироки васеи намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ташкил ва баргузор гардид.

Дар ҷамъомад омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр, зиёда аз 80 нафар ширкат доштанд. Коршиноси ҳуқуқии прокуратураи шаҳр — Абдураҳмонов Рустам дар мавзӯи «Қонуншиканӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон» маърӯза намуда, ҷавононро ба роҳи ободонӣ, ватанпарастӣ, ҳуввияти миллӣ ва хештаншиносӣ даъват намуд. Ёрдамчии прокурори шаҳр-Мирзораҳимзода Беҳрӯз дар мавзӯи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба экстримизм ва терроризм» баромад намуд.Ҳамчунин мудири бахш оид ба корҳои дин- МЭЛС Мамнур дар мавзӯи «Омилҳои гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» сухан кард.

Санаи 04.06.2015 бо мақсади муаррифии асарҳои нави илмӣ, тарғибу ташвиқи китобдӯстӣ ва илмомӯзӣ байни ҷавонон ва наврасон дар толори Қасри фарҳанги шаҳр бо иштироки 75 нафар хонандагони макотиби шаҳр, устодону донишҷӯёни Донишкадаи Кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва намояндагони васоити ахбори омма вохӯрии олимон ташкил ва баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур доктори илмҳои таърих, профессор устоди ДДҲБСТ Шукур Султонов, номзади илмҳои филологӣ Султонова Элвира Владимировна, дотсент, номзади илмҳои геологӣ ва минерологӣ, декани факултети корҳои кӯҳии Донишгоҳи Кӯҳӣ-метоллургии Тоҷикистон Насриддинов Замониддин  аз рӯи асарҳои худ баромад намуданд.

Дар асоси нақша чорабиниҳо санаи 11.06.2015с. дар толори Қасри фарҳанги шаҳр дар мавзӯи «Нашъамандӣ-зиёни солимист» вохўрии мутахассисони соҳаи тандурустӣ бо кормандони китобхона, омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр оид ба пешгирии нашъамандӣ ва оқибати гирифтор шудан ба ин падидаи номатлуб доир гардид. Дар ин вохӯрӣ зиёда аз 70 нафар ширкат варзиданд.

Нахуст духтури Маркази ташаккули  тарзи ҳаёти солим Алиакбар Ниёзов дар мавзўи «Нашъамандӣ ва роҳҳои пешгирии он» маърўза намуда, аз омилҳои сар задани нашъамандӣ, ҳолати равонии онҳо ва оқибатҳои фоҷиабори он сухан ронда таъкид намуд, ки омўзгорон ҳидоятгари насли ҷавон буда, нисбати пешгирии чунин бемориҳо суҳбат ороянд.

Табиби руҳшинос Комил Ортиқов зикр дошт, ки гирифтори бемории нашъамандӣ бештарашон бо роҳу усулҳои фиребу найранг ба доми гумроҳкунандагон меафтанд. Иловатан аз падару модарон ва омўзгорон даъват намуд, ки нисбати ин амали носозгор бетараф набошанд ва барои барҳам додани чунин кирдорҳои ношоиста дар байни ҷавонон нерўи худро бештар равона созанд.

Пас аз маърӯзаи баромадкунандагон аз ҷониби иштирокчиёни ин чорабинӣ мубодилаи афкор сурат гирифта.

Чорабиниҳои ташкил ва баргузорнамуда тариқи радиои Суғд ва рӯзномаи шаҳрии «Паёми Чкалов» дар шумораи №18  аз  санаи 13 июни соли  2015 дарҷ гардиданд.

Баҳри иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” санаи 16.04.2015 дар Ҷамоати шаҳраки Палос вохӯрӣ бо иштироки 102 нафар волидайн, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии МТМУ №11-и Ҷамоати шаҳраки Палос дар мавзӯи «Пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ, тарғиби либосҳои миллӣ, оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ, танзими муносибатҳои оиладорӣ дар партави эълон гардидани соли 2015-соли “оила” ташкил ва баргузор гардид. Дар ҷамъомад, мудири бахши фарҳанг- Раҳимова Т.А., мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо- МЭЛС Мамнур, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо дастгоҳи Раиси шаҳр-Шемякина Л.Г., мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ-Пӯлотова Ҳ.Ҳ., мудири бахши занон ва оила -Абдулова З.К., сарвари китобхонаи оммавии шаҳр-Убайдуллоева Г.Ҳ. ва Раиси Ҷамоати шаҳраки Палос – Эргашев А.Ғ. ширкат варзиданд.

Зимни вохӯрӣ моҳияти муҳими нақши оилаи солим-ҷомеаи солим, ки бевосита аз Паёми навбатии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо мегирад фаҳмонида шуда, аз никоҳи хешутаборӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери экстремистӣ дошта, рӯй овардан ба фарҳанги бегонапарастии шаҳрвандон, ки ба фарҳанги волои миллат хатар дорад, мубоҳиса доир гардид.

Дар партави эълон гардидани соли 2015-соли “оила” сӯҳбат вохӯриҳои судманд ташкил ва баргузор гардид. Тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахши фарҳанг санаи 9.07.15 дар толори қасри фарҳанг муаррифии асари тозанашри олими ҷавон Ҳодибоев Фаридун ташкил гардид. Муаррифии асарҳои тозанашр пайваста ба нақша гирифта шуда, мунтаззам ташкил ва баргузор мегардад. Дар чорабинӣ мудири бахши фарҳанг — Тахмина Раҳимова, мудири бахши кор бо занон ва оила — Зебо Абдулова ширкат доштанд.Муаллиф зимни суханронӣҳар як банди китоби тозанашрро таҳлил шуда, оид ба падидаҳои номатлубе, ки ҷомеаи имрӯзаро фаро гирифтааст ба монанди хушунат ва оқибатҳои он ва  гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ёдовар гашт. Асари тозанашр, ки «Хонавода ва мушкилоти оиладорӣ» ном гирифтааст маҳз ба ҳамин мавзӯъ бахшида шуда, роҳи ҳалли бархе аз масъалаҳое, ки назди ҷавонони имрӯза меистад нишон дода шудааст. Дар бобҳои алоҳида муаллиф оид ба сабабҳои муноқиша дар оила ва пош хӯрдани оилаҳои ҷавон маълумот дода, роҳҳои пешгирии онро пешниҳод намудааст.

Санаи 11-сентябр дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии шаҳр бо иштироки муовини Раиси шаҳри Чкалов Мухторов К.Т ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов дар толори хурди Қасри маданият бо раисони маҳаллаҳо доир ба “Танзими ҷашну маросимҳои мардумӣ” сӯҳбат вохӯрӣ гузаронида шуда. Дар чорабинӣ 100-нафар намояндагони табақаҳои гуногуни аҳоли иштирок намуда. Барои боз ҳам ҷонноктар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ нисбати масъалаи мазкур мубоҳиса доир гардид.

Доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон барои солҳои 2013-2015, пешгирии зӯроварӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбҳо, тарзи ташаккули тарзи ҳаёти солим, нашъамандӣ тибқи нақшаи алоҳидаи бахши фарҳангаз санаи 17.09.15 то 25.09.15 дар самти вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҷавонон  ҷиҳати «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва пешгирии пайвастани шаҳрвандон ба муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷ» силсила суҳбатҳо ва вохӯриҳо бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ташкил ва баргузор гардид.

Дар семоҳаи сеюм низ дар доираи нақша чорабиниҳо санаи 17-сентябр бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов, Нурзода М.М., мудири бахши фарҳанги шаҳр  Т.Раҳимова, саркитобдори  китобхонаи марказӣ Рауфова Ш дар мавӯзуи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои  ғайриқонунӣ ва пешгирии пайвастани шаҳрвандон ба муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷ» бо хонандагони мактаби  литсейи №1-и шаҳр гузаронида шуд, ки дар он асосан хонандагони синфҳои болоӣ зиёда аз 100-нафар ва омӯзгорони мактаб иштирок намуданд.

Ҳамчунин тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба ташкил намудани мулоқотҳои хона ба хона дар мавзӯи “Пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, пешгирии иштироки шаҳрвандон дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷ ва тамоюлҳои бегонапарастӣ” гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда тибқи он аз санаи 10.11.2015 то 17.12.2015 4-гурӯҳи кории ба минтақаҳо тақсимшуда оид ба ин муаммоҳо бо мардум сӯҳбатҳои судманд доир намуданд.

Иштирок дар фетивал-озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ

Бахши фарҳанги шаҳри Чкалов тибқи нақша чорабиниҳои мақомот ва Раёсати фарҳанги вилоят дар баргузор намудани якқатор чорабиниҳо фарҳангӣ саҳмгузор мебошад. Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи оила санаи 11-май озмуни «Фарҳанги оиладорӣ» дар ду давр баргузор гардид, ки дар даври аввал ду оилаи ҷавон оилаи Мансурувҳо ва оилаи Қурбоновҳо иштирок намуда дар даври ҷамъбастии озмун, ки дар байни 15-шаҳру ноҳияи вилоят дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷ.Расулов баргузор гардид аз шаҳри Чкалов оилаи Мансурувҳо иштирок намуда сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ҳамчунин тибқи нақша-чорабиниҳои бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр моҳи май озмуни «Ровии беҳтарин» байни хонандагони мактабҳои миёна баргузор гардид, ки беҳтаринҳо ба  маҳфили «Ровиён», ки дар назди китобхонаи марказиии шаҳр амал менамояд, номнавис шуда дар тамоми чорабиниҳои шаҳрӣ аъзои он ҷалб карда мешаванд.

Санаи 23-май дар толори Қасри фарҳанги шаҳр фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс ва ансамблҳои фолклори-этнографӣ таҳти унвони «Таронаи ваҳдат» бо ишитироки ҳунармандони мактаби санъат ва ҷавонону наврасони болаёқати шаҳр баргузор гардид. Дар даври ҷамъбастии фестивал, ки дар боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид аз шаҳри Чкалов дар намуди байтбарак аъзои маҳфили «Ровиён» Аҳруллоева Нигина хонандаи синфи 10, Самиева Тахмина хонандаи синфи 10, Шомаҳмадов Шерзод хонандаи синфи 11 ва Ғаффоров Азизбек донишҷӯи Донишгоҳи кӯҳӣ-метоллургии шаҳр ва навозиши якка Бойматов Шерзод дастпарвари мактаби санъати шаҳр, ки беҳтаринҳо дониста шуданд фаъолона иштирок намуданд

Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии Рӯзи ҳимояи кӯдакон санаи 28-май дар китобхонаи бачагонаи вилоятӣ озмуни «Шукуфаҳои истиқлол» баргузор гардид, ки аз шаҳри Чкалов дар ин озмун тарбиятгирандаи кӯдакистони «Афсона» Шукрона Маммадҷонова иштирок намуда дар байни довталабон аз 16-шаҳру ноҳияи вилоят сазовори ҷойи дуюм гардид.

Ҳамчунин бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳимояи кӯдакон санаи 31-май дар театри давлатии Лӯхтаки шаҳр намоишномаи «Оҳуи тиллоӣ» барои кӯдакони ятим ва бепарастор ройгон намоиш дода шуд.

Ҳар сол байни театрҳои касбӣ фестивали-ҷумҳуриявии «Нигоҳи нав» бо намоиш додани намошномаи ҷолиб аз ҷониби ҳунармандони театрҳо баргузор мегардад, ки дар соли равон низ санаи 26-май аҳли ҳунари театри драммаи русӣ ба номи А.С.Пушкин бо намоишномаи «У папқ все впрядке» дар фестивали ҷумҳуриявии «Нигоҳи нав» фаъолона иштирок намуданд.

Бахшида ба соли рушди фарҳанг санаи 10 июн дар театри тамошобини ҷавон ба номи О.Назаров озмуни вилоятии «Рақс бикун,ҷоно» баргузор гардид. Дар он ҷавонону наврасони синну солашон гуногун аз 15-шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, аз шаҳри Чкалов Шабнам Арслонова дастпарвари гурӯҳи рақсии «Ёсуман» бо рақси  «Рӯзи хуш» ва «Дойра» фаъолона иштирок намуд.

Ҳамчунин аз санаи 15 то 19-июн дар ҷумҳурӣ фестивал-озмуни ҷумҳуриявии тетарҳои касбӣ «Парасту-2015» баргузор гардид, ки аҳли ҳунари театри драммаи русӣ ба номи А.С.Пушкин бо намоишномаи «Блиндаҷ» дар он иштирок намудуданд.Ҳунарманди театр Раъно Раҳматуллоева бо дипломи «Беҳтарин нақши зан»-и фестивал-озмун ва Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занони Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардид.

Санаи 16-июн бахшида ба 18-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав» баргузор гардид, ки шаҳри Чкалов низ бо дастовардҳои хеш дар фестивал иштирок намуда, дар омода намудани ороишот бо мевагӣ сазовори ҷойи якум гардиданд.

Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд бахшида ба соли фарҳанг озмуни вилоятии «Ҳунарнамоии беҳтарини шаҳру ноҳияҳои вилоят» дар Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ба нақша гирифта шуда буд. Озмун тибқи ҷадвали тасдиқгардида аз 16-апрел оғоз гардида то таҷлили Сарқонуни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. Тибқи нақша шаҳри Чкалов 28-июл бо барномаи фарҳангии омоданамудаи худ, ки тибқи низомномаи озмун муайян шуда буд, фаъолона иштирок намуд.

Бояд гуфт, ки ҷамъбасти озмуни «Таронаи ваҳдат»,  дар арафаи Истиқлолият ба назар гирифта шуда буд. Аз вилояти Суғд аз ҷумла аз шаҳри Чкалов дар ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Таронаи ваҳдат» яке аз ҳунармандони ҷавони Қасри фарҳанг Шомаҳмадов М.Н бо суруди яккаи  «Модар», ки дар флармонияи давлатии ба номи А.Ҷураев баргузор гардид, баромад намуда ба гирифтани нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадридони карда шуд.

                                          Театри Пушкин

Дар шӯрои бадеии театр таҳти №10 аз 19.12.2014 нақшаи кории соли 2015 театр тасдиқ карда шуд.

Дар таътили зимистона  ҳунармандони театр намоишномаи нав «Тӯҳфаи Бобои барфӣ»омода намуда дар муассисаҳои томактабии шаҳри Чкалов намоиш доданд. Ҳамчунин ба шаҳри Конибода ва ноҳияи Ашт сафари ҳунарӣ ташкил намуда зиёда аз 15-маротиба намоишномаи мазкур нишон дода шуд.

Дар давоми фаъолият театри драмма ва русӣ ба номи А.С.Пушкин аз рӯи нақша намоишномаи «Блиндаҷ» рӯи саҳна гузошта шуд, аз ҷониби Шӯрои бадеӣқабул гардид. Намоишнома дар арафаи 70-солагии  Рӯзи Ғалаба манзури тамошобинон гашт.

Бахшида ба 70-солагии Иди Ғалаба аҳли ҳунари театр бо барномаи театркунонидашудаи худ дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 70-солагии Иди Ғалаба дар чойхонаи «Роҳат» баромад намуданд. Ҳамчунин бахшида ба Рӯзи Оила озмуни «Фарҳанги оиладорӣ» саҳми аҳли гурӯҳи эҷодии театр назаррас мебошад.

Аз санаи 16 то 20 майи соли равон дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии театрҳои ҷавон «Нигоҳи нав» баргузор гардид,ки ҳунармандони театр бо намошномаи «Ҳоли падар хуб аст» фаъолона иштирок намуданд.

Ҳамчунин санаи 19-июн дар фестивали театрҳои касбӣ «Парасту-2015» бо намоишномаи «Блиндаҷ» фаъолона иштирок намуданд. Дар рӯзи ҷамъбасти фестивал-озмун ҳунарманди театр Раъно Раҳматуллоева бо дипломи «Беҳтарин нақши зан»-и фестивал-озмун ва Ифтихорномаи кумитаи кор бо занони Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.

Бахшида ба Соли фарҳанг тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд ва мактабу намояндагии Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Боткен, Раёсати фарҳанги вилоят ва мақомоти шаҳр моҳи август аҳли ҳунари театр бо барномаи консертӣ дар вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти унвони  «Фарҳанг сарҳад надорад» сафари ҳунарӣ намуданд. Дар чорабинӣҳунармандони театр бо барномаи консертӣ ва саҳначаи театркунонидашудаи «Дар ҷустуҷӯи арус»  таъби мухлисонро болида сохтанд.

Дар давоми фаъолияти семоҳаи сеюм театр аз рӯи нақша намоишномаи «Доғ»-ро аз рӯи асари Н.Шарипов рӯи саҳна гузоштанд.

Санаи 14-сентябр қабули намоишномаи «Доғ» аз рӯи сенарияи Н.Шарипов аз ҷониби намояндагони вилояти Суғд намояндагони мақомоти шаҳр ва Кумитаи амнияти шаҳр баргузор гардид.

Аз санаи 11- ноябри соли равон дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр ва Ҷамоати шаҳраки Палос намоишномаи «Доғ» намоиш дода шуд.

Аз санаи 16-ноябри соли равон аҳли эҷодии театр бо супориши муовини Раиси вилояти Суғд ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бо намошномаи «Доғ» сафари ҳунарӣ намуданд. Аз ҷумла Исфара, Конибодом, Истаравшан, Истиқлол, Спитамен, Қайроққум, Ашт Айнӣ, Панҷакент, ноҳияи Б.Ғафуров Ғончӣ, Ҷаббор Расулов намош дода шуд.

Ҳамчунин санаи 28-ноябри соли равон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд намоишномаи «Доғ» намоиш дода шуд.

Айни ҳол ҳунармандони театр барои дар сатҳи баландӣ эҷодӣ омода намудани барономаи солинавӣ барои мухлисони хурдсол намоишномаи солинавии «Хоб ҳам амалӣ мешавад» бо иштироки Бобои барфӣ ва Барфак таҳия мегардад.

Дар натиҷаи фаъолияти эҷодии ҳунармандони театри ҷумҳуриявии русӣ драма ва мазҳакаи ба номи А.С.Пушкин нақшаи истеҳсолӣ-молиявии театр дар соли 2015 бо нишондиҳандаҳои зерин ҷамъбаст намуданд.

 

Моҳҳо Таҳияи намоишномаи нав Миқдори намоишҳо Тамошобин Маблағ
1. Январ 1 26 2191 6575
2. феврал 1 9 785 2355
3. Март - - - -
4. Апрел 1 2 925 2775
5. Май - - - -
6. Июн - - - -
7. Июл - - - -
8. Август - - - -
9. Сентябр 1 - - -
10. Октябр - - - -
11. Ноябр 27 6862 17250
12. Декабр
Ҳамагӣ: 4 75 10913 29405

 

Мактаби санъат

Дар мактаби санъати шаҳр 50-нафар омӯзгори ботаҷриба фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1-нафар дорандаи медали «Хизмати шоиста», 1-нафар дорандаи Ҷоизаи байналмиллалии Гремми 8-нафар Аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10-нафар бо маълумоти олии махсус, 5-нафар маълумоти олии нопурра, 8-нафар бо маълумоти олии педагогӣ, 21-нафар маълумоти миёнаи махсус 6-нафар бо маълумоти миёна фаъолият бурда истодаанд.

Дар мактаби санъат 451-хонандагон аз синни 7 то 16-сола таҳсил намуда 7-шуъба амал менамояд. Аз ҷумла шуъбаи фортепиано ва торӣ, шуъбаи созҳои миллӣ, шуъбаи сурудҳои ананавӣ,шуъбаи рассомӣ,шуъбаи ҳунарҳои мардумӣ,шуъбаи театрӣ ва синфи хореографӣ фаъолият мебарад.

Фаъолияти худ мактаби санъат низ назаррас ҷамъбаст гардид. Аз ҷумла мутобиқи қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 30.06.2015, №46 ва қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳри Чкалов аз 25.06.2015,№24 мактаби санъати ба номи М.Глиэр ба номи аълочии фарҳанг ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорандаи ордени «Шараф»-и дараҷаи 1 Шодмон Алифов гузошта шуд. Тантанаи идона санаи 25-августи соли равон бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, шогирдон ва хешу ақрабои эшон дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Ҳамчунин ҷиҳати таъмиру тармими мактаб чораҳои андешида ба маблағи 600-сомонӣ дохили мактаб таъмири қисмӣ гардида, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар давоми моҳи август барои асвалтпуш кардани роҳи мактаб ва кабудзоркунии гирду атрофи мактаб 12-ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардид.

Бояд гуфт, ки моҳи апрели соли равон ба маблағи 4120-сомонӣ 6-адад дутор ва 2-адад рубоб харидорӣкарда шуд.

Барои маъракаи обунашавии соли 2016 мактаби санъат дар давоми соли 2015 ба маблағи 3207-сомонӣ тибиқ нақшаи пешбинишуда обуна гардид.

Қасри фарҳанг

Тибқи фармони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2014 таҳти №140-ф дар бораи Қасри фарҳанги Корхонаи давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон», воқеъ дар кӯчаи Московская-15 шаҳри Чкалов вилояти Суғд, бе ҳуқуқи бегона кардан ба моликияти коммуналии шаҳри Чкалови вилояти Суғд гузаронида шуд. Бо Қарори Раиси шаҳр дастаҳои ҳунарии шаҳр ансамбли “Шашмақомсароён” ва ансамбли рақсии “Ёсуман” аз 1-апрели соли 2015 дар Қасри фарҳанг фаъолият доранд.

Дар давоми фаъолияти худ дар доираи нақша чорабиниҳо Қасри фарҳанг дар баргузориии якқатор сӯҳбат-вохӯриҳо ва барномаҳои консертӣ саҳми назаррас дорад. Азҷула иштирок дар озмуни вилоятии “ҳунарнамоии беҳтарини шаҳру ноҳияҳои вилоят”, “Рақс бикун ҷоно” баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар толори Қасри фарҳанг бахшида ба Рӯзи машварати августии омӯзгорон, Рӯзи табибон, Истиқлолият, Рӯзи китоб шаҳодати гуфтаҳои болост.

Гарчанде тибқи нақшаи вилоятӣ таъмири пурраи Қасри маданияти шаҳри Чкалов то соли 2018 дар назар аст. Аз ҳисоби буҷети маҳалли толори Қасри маданият ба маблағи 4419-сомонӣ таъмир гардид.

Имрӯз дар Қасри фарҳанги шаҳр 1-ансамбли эстрадӣ, 1-ансамбли шашмақомхонон ва 1-ансамбли рақсии “Ёсуман” фаъолият мебарад.

Ансамбли эстрадӣ навтаъсис буда дар назди Қасри фарҳанги шаҳр фаъолият менамояд. Тибқи ҷадвали басти вазифаҳо  ансамбли эстрадӣ 12-нафар буда 6-нафар бо маълумоти олӣ, ҳамчун ҳофиз ва 6-нафар навозанда мебошанд, ки дар тамоми чорабиниҳои шаҳрӣ иштирок менамоянд. Моҳи ноябр дар кастинг-озмуни вилоятӣ иштирок намуда, навозиш бо асбобҳои мусиқӣ дар ҷойи аввал, ва бо суруди Равшан Тӯхтаев ҷойи дуюмро дар байни шаҳру ноҳияҳои вилоят ишғол намуданд.

Ансамбли “Шашамақомхонон”-и назди Қасри фарҳангмутобиқи ҷадвали корӣ 13 нафар буда аз онҳо 6-нафар мутрибон ва 7-нафар навозанда мебошад. Бояд гуфт, ки санаи 26-ноябри соли равон ансамбли Шашмақомхонон консерти ҳисоботии худро дар толори Қасри маданият баргузор намуд.

Ансамбли рақсии “Ёсуман” низ бо қарори Раиси шаҳр аз театри драммавии русии ба номи А.С.Пушкин моҳи апрел ба Қасри маданият гузаронида шуд,ки тибқи ҷадвали басти вазифаҳо 18-нафар мебошад, ки дар тамоми чорабиниҳои шаҳрӣ ва беруна аз он фаъолона иштирок менамоянд.

Китобхонаи марказӣ

Дар шаҳр айни замон1 китобхонаи оммавии системаи марказонидашуда амал мекунад, ки 1 китобхона-филиал дар ҷамоати шаҳраки Палос ва чор нуқтаи китобдиҳиро доро аст. Тибқи ҷадвали басти вазифаҳо дар китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Чкалов бо филалаш 9-нафар кор мекунанд, ки аз онҳо бо маълумоти олии умумӣ 3-нафар, миёнаи махсуси касбӣ 1-нафар, миёнаи махсус 2-нафар, миёнаи умумӣ 2-нафар, таҳсил дар донишгоҳҳои олӣ (ғоибона дар коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз ) 1-нафар мебошанд.

Шумораи умумии маҳзани китобхона 38642 адад адабиётҳои соҳаҳои гуногун ташкил медиҳад, ки аз онҳо 3202 адад бо забони тоҷикӣ, 35429 бо забони русӣ ва 11 адад бо дигар забонҳоро дар бар мегирад.

Нишондиҳандаи асосии рақамии китобхона

Нишондиҳандаҳо

Семоҳаи

якуми

соли 2015

Семоҳаи дуюмисоли 2015 Семоҳаи сеюми

соли 2015

Умумӣ
Шумораи китобхона        2 2 2 2
Захираи китобӣ       38455 38474 38474 38642
Китобдиҳӣ      8109 17257 23213  
Хонандагон     2732 1435 1802 2973
Чорабиниҳои оммавӣ      36 81 31 128
Шумораи иштирокчиёни чорабиниҳо

10350

19430 7436  
Ташрифи истифодабарандагон      3164 4965 3256  
Нуқтаҳои китобдиҳӣ      4 4 4 4
Адабиётҳои навдохилшуда      39 19 - 226
Адабиёти хориҷшуда       - - - -

 

Таҳлили ҳайати умумии хонандагон

Шумораи умумӣ 2973
аз  рӯи миллат:  

 - тоҷикон

2386

-  русҳо

369

-  ӯзбекҳо

120

 -дигар миллатҳо

98

-занҳо

1601
      аз рӯи касбу кор (шуғл)
-муаллимони мактабҳои олӣ, кормандони илм, аспирантон 28

-  хизматчиён

170

- донишҷӯён

860

- мактаббачагон

733

- бачагони то 15-сола

712

-кормандони маориф,  фарҳанг, тиб ва варзиш

125

-кормандони кишоварзӣ ва ҷангал

-

-коргарон

202

-дигар категория

143

Аз рӯи забонҳо

Номгӯи муассисаҳо

Махзан

Тоҷикӣ

Русӣ

дигар забонҳо
1

Китобхонаи марказӣ

28506

2811

25688

7

2

Филиали Палос

10136

391

9741

4

3

Ҳамагӣ

38642

3202

35429

11

 

Қобили қайд аст, ки китобдорони китобхонаи шаҳр пайваста аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, баҳри баланд бардоштани сатҳи маънавиёти омма ва фарогири насли ҷавони кишвар ба таълиму тарбия заҳмат менамоянд. Дар ин самт баҳри беҳтар намудани шароити корӣ якқатор камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Аз ҷумла таъмирталаб будани Китобхона-филиали №1 шаҳраки Палос, норасогии рафҳои китобмонӣ. Айни замон буҷаи сметаи пешбинишудаи китобхона барои соли 2015 имконоти ба шабакаҳои китобхонаҳои электронӣ пайваст намудани компютерҳои китобхонаро надорад, аммо дар соли 2016 сметаи хароҷоти китобхонаи электронӣ пешбинӣ шудааст ва дар ин самт корҳо иҷро шуда истодааст.

Санаи 5.10.2015 аз ҷониби Корхонаи давлатии таъминот  ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонаи оммавии шаҳри Чкалов 133 адад адабиётҳои бадеӣ ва соҳавӣ ва 453 адад маҷалла ба маблағи умумии 6508.09 сомонӣ (шаш ҳазору панҷсаду ҳашт сомону нӯҳ дирам) тариқи ройгон ворид гардид.

Дар давоми соли 2015 76 нусха адабиётҳои нав бо маблағи 2483 сомонӣ аз мағозаи китобфурӯшии «Ганҷина»  харидорӣ карда шуд.

Дар соли равон аз ҳисоби  буҷаи маҳаллӣ китобхона  ба маблағи 2623 сомонӣ 74 дирам ба 22 номгӯи рӯзнома ва 10 номгӯи маҷалла обуна гардид.

Боғи ба номи Садриддин Айнӣ

Масоҳати умумии боғ 7,60м мебошад. Тибқи ҷадвали корбаст 18 нафар мебошад, ки айни ҳол 12-нафар, 1-нафар бо маълумоти олӣ 4-нафар маълумоти миёнаи махсус, 6-нафар бо маълумоти миёна фаъолият доранд. Дар шаҳри Чкалов 1-боғи ба номи С.Айнӣ ва боғи поёни барои истироҳату фароғати мардум фаъолият мебарад, ки дар фаъолияти семоҳаи сеюм маъмурияти боғ баҳри боз ҳам зеботар намудани гирду аторфи он кӯшиш намуда бахшида ба соли фарҳанг ва соли гулҳо тамоми гирду атрофии боғ гулҳои баҳорӣ шинонида газон карда шуд. Тамоми ҷойҳои нишаст ва атроксионҳо аз нав таъмир ва рангу бор карда шуданд, маблағи умумии корҳои иҷрогардида 4000-сомониро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки бахшида ба наврӯзи аҷам дар боғи поёнии шаҳр чорабинии фарҳангии омолданумадаи бахши фарҳанг пешкаши шаҳрвандони шаҳри чкалов ва меҳмонон гардид.

Бахшида ба 1-июн Рӯзи байналмиллалии ҳумояи кӯдак дар боғи ба номи С.Айнӣ чорабинии фарҳангӣ бо ишитроки дастпарварони кӯдакистонҳои шаҳр ва шогирдони макатаби санъат баргузор гардид.

Санаи 1- декабр бахшида ба мубориза бар зидди СПИД дар боғи ба номи С.Айни аксия-консерт баргузор гардид.

Тибқи нақша чорабиниҳо бахшида ба соли “Оила” моҳи декабр чорабиниҳо таҳти унвони “10-рӯзи хушунати оилавӣ” бо баргузории сӯҳбат-вохӯриҳои сутманд гузаронида шуд, ки ҷамъбасти чорабинӣ дар боғи ба номи С.Айнӣаксия таҳти унвони “Оилаи соли ҷомеаи солим ” баргузор гардид.

Таъмиру тармим дар муассисаҳои фарҳангӣ

Муассисаҳои таъмирталаби шаҳр, ки тибқи нақша чорабиниҳои «Барномаи рушди муассисаҳои фарҳанг барои 2014-2018» соли 2016-2018 азнавбарқароркунии Қасри маданияти шаҳр аз буҷети вилоятӣ, соли 2016-2018 азнавбарқароркуниин театри драмаи русии ба номи А.С.Пушкин аз буҷети вилоятӣ соли 2015 таъмири мактаби санъати шаҳр аз буҷетӣ шаҳрӣ дар назар аст.

Маблағгузорӣ

Дар давоми соли 2015  барои фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ шаҳр ба маблағи 650-сомонӣ барои таъмири толори мактаби санъат,  12-ҳазор сомонӣ барои рангу бор, асвалтпушкардани роҳҳо ва кабудзоркунии гирду атрофии мактаб ва 4419-сомонӣ барои аз навсозии толори Қасри маданият масраф гардид.

Ҳамчунин дар арафаи Истиқлолияти давлатӣ ба анбори либоси бахши фарҳанг ба маблағи 3000-сомонӣ либосҳои нав ворид гардид. Дар давоми фаъолияти худ боғи фарҳанги фароғатии ба номи С.Айнӣ ба маблағи 4000-сомонӣ барои рангу бори харкачаҳо гирду атрофии боғ атраксионҳо ва барои овехтани шиору овезаҳо бахшида ба Соли фарҳанг, Соли «Оила» масраф намуд. Ҳамчунин театри драмаи русииба номи А.С. Пушкин дар соли равон ба маблағи 47000-сомонӣ толори асосӣ, толори хурди театр ва дохили бинои театр таъмир гардид.

 

Мудири бахши фарҳанг  Т.Раҳимова