Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Январь 17, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Бахшҳо » Тандурустӣ

Тандурустӣ

Ҳисобот

оид ба фаъолияти муассисаи Кӯмаки аввалияи тиббию

санитарии шаҳри Чкалов дар 11 моҳи соли 2015

Муассисаи КАТС-и шаҳри Чкалов баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҷаҳду талош намуда, фаъолияти  худро баҳри дар амал татбиқ намудани Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва барномаҳои милливу соҳавии қабулгардида равона намуд.

Тибқи муқаррароти амалкунандаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон КАТС-и шаҳр фаъолият мебарад. КАТС ба 32 ҳазору 443 нафар аҳолии шаҳри Чкалов ва ҷамоати Палос хизматрасонии тиббӣ мерасонад. КАТС аз 2 Маркази саломатӣ ва 5 Марказҳои алоҳида иборат мебошад. Мутаасифона, қисми табибони шӯъбаи тибби оилавӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона дар бинои собиқ дармонгоҳи бачагонаи шаҳр, ки дар масофаи 700 метр дуртар аз Маркази саломатии шаҳр воқеъ аст, фаъолият доранд ва аз ин лиҳоз ба сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ таъсири худро мерасонад.

Воҳидҳои корӣ:

Дар муассиса ҳамагӣ 279,25 воҳиди корӣ мавҷуд аст (2014-280,25), аз онҳо табибон 92,5 (2014-92,5), ҳамшираҳои тиббӣ 133,0, (2014-134,0) кормандони хурди тиб 33,0 ва ғайраҳо – 20,75 воҳиди корӣ мебошад.

Маълумот доир ба кадрҳо

Шумораи кормандон (нафар)

11 моҳи 2014

11моҳи

2015

1 Духтурон

62

57

2 Ҳамшираи тиббӣ

84

93

3 ҳамҷоя

17

14

4 дигарон

50

37

5 Ҳамагӣ

213

201

Дар 11 моҳи соли 2015 ба кор 44нафар қабул шуда, 47 нафар аз кор бо хоҳиши худ рафтанд.  Дар давраи ҳисоботӣ дар муассиса 201 нафар корманд фаъолият доранд (2014-213 нафар), ки аз онҳо 14 нафар корманди дуҷоя мебошанд (2014-17 нафар). Аз шумораи умумии кормандон  57 нафар табиб, аз он ҷумла  54 нафар дар шаҳри Чкалов ва 3 нафар дар Маркази саломатии ҷамоати Палос фаъолият доранд. Шумораи духтурони тибби оилавӣ дар шаҳр 18 нафарро тартиб дода, аз ин миқдор 14 нафарашон соҳиби дипломи табиби оилавӣ мебошанд (77,7%). Вазни қиёсии табибони оилавӣ нисбат ба теъдоди умумии табибони КАТС ба 31,5%  баробар аст. Ин нишондиҳанда то охири соли 2015 тибқи Стратегияи миллии солимии аҳолии ҶТ барои солҳои 2010-2020 бояд ба 50% расонида шавад, ки аз  мутассадиён дар ин самт чораҳои  бетахирро талаб менамояд.

Аз 57-нафар табибони КАТС 2-нафар номзади илми тиб буда, 21-нафар дорои дараҷаи тахассуси олӣ (36,8%), 15-нафар дорои дараҷаи тахассуси якӯм (26,3%), 2-нафар дорои дараҷаи тахассуси дуюм (3,5%) мебошанд. Нишондоди умумии дараҷаноки тахассусии табибон 66,6%-ро ташкил медиҳад. Аз давраи кушодашавии  базаи таълимии клиникавии тибби оилавӣ дар ш. Хуҷанд дар КАТС-и шаҳри Чкалов дар маҷмӯъ то ба имрӯз ҳамагӣ 27 нафар табиби оилавӣ тайёр карда шуданд, мутаасифона бо сабабҳои гуногун 12 нафар табибон ба ҷои дигар табиб шуда рафтанд, 1 нафар хонашин, 1 нафар фавтид.

Шумораи умумии кормандони миёнаи тибби муассисаҳои КАТС ба 93 нафар баробар буда, аз ин миқдор 38 нафарашон ҳамшираҳои тибби оилавиро тартиб медиҳанд. Ҳамшираҳои тибби дараҷаи тахассуси олӣ 16-нафар буда (17,2%), дараҷаи тахассуси якум – 17-нафар (18,2%) ва дуюм 4-нафар (4,3%) мебошанд. Нишондоди умумии дараҷаноки тахассусии ҳамшираҳои тиб ба 39,7% баробар мебошад.

Ҳисоботи муҳосибот

 

  Нақша Хароҷот %
11 моҳи  2014 2389792 1999898 83
11 моҳи 2015 2430922 2111953,03 87

    

Дар 11 моҳи соли 2015 ба нақша гирифта шудааст- 2430922 иҷроиши он дар 11 моҳи соли 2015- 2111953,03 сомонӣ (87%) ташкил медиҳад.

Иҷроиши қарори №600

Амалисозии Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 аз 29.12.2009 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустии ҶТ» дар муассисаи КАТС давом дорад. Мутобиқи қарори мазкур тамоми хизматрасониҳои ҳуҷраҳои ёрирасон (ташхиси рентгенӣ, фавқулсадо, сабти барқии дил), ташхисгоҳи клиникӣ, шӯъбаи стоматологӣ, ташхиси колпоскопӣ, табобати физиотерапиявӣ ва сӯзандармонӣ, ташхиси табиби амрози чашм ба таври пулакӣ мутобиқи нархнома ба роҳ монда шудааст.Дар 11 моҳи соли 2015 – 98000 сомонӣ маблағ ба нақша гирифташуда, иҷроиши он — 113700 сомонӣ (116%) ташкил медиҳад.

Дар соли 2015 барои таъмин намудани иҷроиши Барномаҳои миллӣ ва дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолии шаҳри Чкалов ва ҷамоати Палос ба маблағи умумии 22 (бисту ду) ҳазор сомонӣ дар асоси 10 адад қарорҳои  Раиси шаҳри Чкалов ҷудо шудааст. Дар 11 моҳи  соли 2015 12839сомонӣ сарф шудааст, ки _65% нақшаро ташкил дод.

Ташрифи умумӣ дар КАТС

Дар давоми 11 моҳи соли 2015 ҳамагӣ 144225 нафар ба КАТС ташрифот ба қайд гирифта шудааст, ки ба ҳар нафар аҳолӣ 4,4 маротиба рост мебиёяд.

Ҳисоботи иттифоқи касабаи муассиса:

     Иттифоқи касабаи муассиса аз моҳи майи соли 2013 мустақил шуда, 201 нафар корманди муассисаро муттаҳид менамояд. Дар соли ҷорӣ 7 нафар кормандони тибб ба осоишгоҳи “Шифо” ва Хоҷа Оби Гарм роҳхат дода шуд.

Баҳри беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандон дар байни маъмурият ва кормандон Шартномаи коллективӣ баста мешавад. Айни ҳол 40 нафар корманд дар асоси чунин шартнома фаъолият менамоянд, ки аз шумораи умумии онҳо 20 нафар нафақахӯрон мебошанд.

Навзодоне, ки дар миқёси шаҳр аз тарафи табибони оилавӣ ба қайд гирифта шудаанд, 703 нафар буда, 547 кӯдак дар шӯъбаи таваллуди БШ шаҳри Чкалов таваллуд шудаанд, 65 кӯдак дар Маркази саломатии шаҳраки Палос, 50 нафар аз дигар шаҳру ноҳияҳо ворид шудаанд.  

Дар 11 моҳи соли 2015 дар муассисаҳои зерсохтори КАТС-и шаҳр 144225 нафар (соли 2014-146279 нафар) ташрифот ба қайд гирифта шудааст, ки ба ҳар як нафар аҳолӣ 4,4 маротиба рост меояд.

 

Ҳисоботи Барномаҳои миллӣ

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди саломатии кӯдакон ва наврасон дар давраи то соли 2015

Баҳри пешгирӣ ва табобати бемориҳои кӯдакона, аз қабили бемориҳои дарунравӣ ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, камвазнӣ, камхунӣ тибқи фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30  декабри  соли  2005,  №678  “Оиди такмил додани хизматрасонӣ дар соҳаи ҳифз ва беҳтар намудани сиҳатии кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  дар шаҳри Чкалов дар асоси фармони Раёсати тандурустии вилояти Суғд аз 15 июни соли 2006 “Оиди таъсис додани марказҳои ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона дар шаҳру ноҳияҳои вилоят” Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона таъсис дода шудааст. Марказ 1-анборхона барои доруворӣ, як ҳуҷра барои қабул, 2-то кат барои бистарикунии рузонаи беморон мавҷуд аст.    Дар Маркази саломатии ш.Палос ҳуҷраи регидрататсионии даҳонӣ иборат аз 2-кат ташкил карда шуда бо дорувори таъмин карда шудааст.

Дар 11 моҳи соли 2015 бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ҳамагӣ 2634 нафар (2014-1962),  аз он ҷумла илтиҳоби роҳи нафас (ОРИ)- 2422нафар (2014-1827), бемориҳои  илтиҳоби шадиди шуш 23 ҳодиса (2014-14) ба қайд гирифта шудааст. Бемориҳои бронхиолит-3 нафар, (2014-11) ба қайд гирифта шудааст, зуком ба қайд гирифта нашудааст (2014- нест). Аз он ҷумла, дар байни кӯдакони синни то 1 сола, илтиҳоби шадиди роҳи нафас 898 нафар (2014-523),  илтиҳоби шадиди  шуш 13 ҳодиса (2014-3), бронхиолит-3 (2014-6) ба қайд гирифта шудааст. Ҳамагӣ кӯдакони то4 сола дар хона табобат гирифтаанд -1743 нафар(2014-1266), дар беморхона бистарӣ шудаанд-296 нафар (2014-196). Бемориҳои илтиҳобии меъдаю руда-169 нафар(014-76), то 1-сола 62 (2014-37)

Бо бемориҳои камхунӣ дар байни кӯдакони то синни 5 сола 87 нафар (2014-79), бо камвазнӣ 60 нафар (2014-61) дар қайди табибон меистанд.

Дар КАТС-и шаҳр ҳуҷраи бемориҳои дилу тарбод фаъолият мебарад. Дар 11 моҳи соли 2015 дар қайди табиби дилу тарбоди кудакона 25-нафар кудак (2014-19) бо нуқсони модарзодии дил меистанд. Дар ҳамин давра 3 нафар кӯдаки бо бемории нуқсони модарзоди дил дар зери назорати ҷарроҳон гирифта шуда, 2-нафарашон амалиёти ҷарроҳӣ гузаронидаанд. 5 нафар кудакони гирифтори бемории нуқсони модарзоди дил барои ҷароҳӣ омода шудаанд. Тибқи қарори Раиси шаҳри Чкалов таҳти №51 аз 19.02.2015сол «Оид ба таъмини беморони гирифтори бемории нуқсони модарзодӣ ва тарбоди дил бо дорувори ва лавозимоти тиббӣ» ва бо ин мақсад аз буҷети маҳалли 1000 сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ҳамаги 6-нафар беморони бемории нуқсони модарзоди дил  гуруҳи маъюбӣ доранд. Нақшаи иммунизатсияи кӯдакони синни то 6 сола мутобиқи тақвими амалкунанда таъмин гаштааст. Дар  11 моҳи соли 2015 иҷроиши нақшаи эмгузаронии БСҶ-99,7%, Геповакс1 ва ОПВ0-99,7%, ОПВ1-92,5%, ОПВ2-93,0%, ОПВ3-91,5%, ОПВ-90%, Пентаваленти1-92,3%, Пентаваленти2-93,7% Пентаваленти 3-91,5%, АКДС 4-73,7%, Кор1-90%, Кор2-94,7%, АДС-94,7%, ротовир1-81,0%, ротовир2-65,0% ба анҷом расидааст.

Дар ҳудуди шаҳр-9 мактаби таҳсилоти умумӣ ҷойгиранд ва дар онҳо7009 нафар хонанда таҳсил менамоянд.  Муассисаҳои томактабӣ -9 адад буда, дар онҳо 1611 нафар кӯдакон тарбия мегиранд.

Миқдори кӯдакони қобилияташон маҳдуд тибқи рӯйхати пешниҳоднамудаи бахши ҳифзи иҷтимоии шаҳр 106 нафарро ташкил мекунанд.

Бақайдгирии дигар нишондиҳандаи асосии демографӣ, яъне фавти кӯдак дар КАТС-и шаҳр дар асоси меъёрҳои муайяншуда ба роҳ монда шуда, ҳар моҳ бо Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр мувофиқат карда мешавад.

Дар давоми 11 моҳи соли сипаришуда 10 ҳодисаи фавти кӯдак ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо: то синни 1сола -9 нафар, аз 1-сола то 5 сола — 1 нафар мебошанд

Аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 12.02.2015 таҳти №66 “Дар бораи таъмин намудани кудакони то 3-сола ва маъюбони модарзод бо дорувориҳо” қарори қарори Раиси ш.Чкалов аз 24.02.2015. таҳти №59 низ ба тавсиф расидааст, ки дар асоси он дар давоми сол то 4000 сомонӣ ҷудо гардидани маблағ ба нақша гирифта шудааст. ва дар 11 моҳи соли ҷорӣ 3150 сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил

дар солҳои 2010-2015

Дар 11 моҳи соли 2015 90 нафар бемор дар қайди диспансерӣ меистоданд. Дар 11 моҳаи соли 2015 26 нафар бемор ба қайдгирифта шуд, ки аз он 14 нафар зан, 12 нафар мардро ташкил медиҳад.   

Дар 11 моҳи  соли 2015 3600 нафар аз муоинаи профилактикӣ-флюорографӣ гузаштаанд, ки назар ба соли 2014 (2240) 1360 нафар зиёд мебошад.

Аз 519 нафар гурӯҳи хатарнок 428 нафар аз ташхиси флюорографӣ гузаштааст, ки дар натиҷа (4 нафар бо диабети қанд, 3 нафар бемории ВНМО, 7 нафар дар тамосбудагон, 6 нафар муҳоҷири меҳнатӣ) бо бемории сил дарёфт шуда, ба қайд гирифта шудаанд.

Айни ҳол 25 нафар бемор табобати зиддисилӣ гирифта истодааст, ки бо категорияи якум -15 нафар давраи фаъолӣ табобат ва ёрирасонӣ табобат, бо котегорияи 4-уми шакли мутобиқгаштаи сил 6  нафар табобат гирифта истодаанд. Беморони гирифтори ВНМО/сил 3 нафар ба қайд меистанд.

Дар 11 моҳи соли 2015 аз тарафи Маркази мубориза бар зидди бемории сил ба ХДТТИ-и вилоятӣ — 10 нафар фиристонида шуд, ки аз ин шумора 4 нафар аввала ва 3 нафар бори такрорӣ, 2 нафар солимгардонӣ мебошанд.

Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил барои солҳои 2007-2014

     Дар қайди диспансери утоқи табиб-дилшинос дар 11 моҳи  соли 2015 120 нафар бо бемории ишемиявии дил меистоданд. Маъюби гурӯҳи I-нест, II- 10 нафар, III- 8 нафар. Дар 11 моҳи соли 2015 20 нафар (2 нафар бори аввал) барои муайян намудани гурӯҳи маъюбӣ ба ХДТТИ фиристонида шудаанд.

Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи ВНМО ва БПНМ (ВИЧ/СПИД) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2015.

Аз соли 2001 то 11 моҳи соли 2015 дар шаҳр ҳамагӣ 97 нафар дорандагони вируси норасогии масъунияти бадан (ВИЧ) ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 63 нафар мард ва 34 нафар зан мебошанд. Ҳамагӣ дар ин давра 26 нафар дорандагони ВНМО фавтиданд.

Назорати диспансерии ҳамаи шахсони мазкур дар Маркази мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) дар вилояти Суғд мутамарказ гузаронида мешавад. Тибқи маълумоти Маркази мазкур, сироятёбӣ аз вируси норасоии масъунияти одам дар байни мубталоёни дар шаҳр ба қайд гирифташуда ба воситаи сӯзандоруи тамйизнашуда 2 ҳодиса, ба воситаи алоқаи ҷинсӣ 7 ҳодисаро ташкил медиҳанд. Дар 4 ҳодисаи сироятёбӣ манбаи сироят номаълум мебошад.

Дар қайди духтурони силшинос ва дерматовенеролог аз соли 2001 то 11 моҳи соли 2015 -19 нафар бемори сил/ВНМО ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора дар ин давра аллакай 13 нафар фавтиданд.

Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис, муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016.

Айни ҳол дар қайди диспансери табиби оилавӣ –212 нафар (2014-191) бо бемориҳои зерин меистанд:

Реши рӯдаи 12-ангушта – 38 нафар (2014-36).

Илтиҳоби музмини талхадон – 111 нафар (2014-92).

Илтиҳоби музмини ғадуди зери меъда – 17 нафар (2014-17).

Илтиҳоби музмини меъда – 37 нафар (2014-31).

Илтиҳоби музмини ҷигар – 5 нафар (2014-12).

Бемории санги талхадон- 2 нафар (2014 — 4).

Реши рӯдаи ғавс-2 нафар (2014-1).

Барномаи миллии пешгирии бемориҳои касбӣ барои солҳои 2010-2015.

    Дар 11 моҳи соли 2015 муоинаи тибби марҳилавии коргарони Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» ва дигар корхонаҳои саноатии шаҳр гузаронида шуд. Аз рӯи нақшаи тартибдодашуда 151 нафар – 94,6% кормандон аз муоина гузаронида шуданд. Дар натиҷаи муоинаи тиббӣ-профилактикӣ бемории касбӣ дарёфт карда нашудааст.

Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбоди дил.

    Дар аввали соли 2015 дар қайди табиби дилу тарбоди кӯдакона 25 нафар кӯдакон бо бемории нуқсони модарзоди дил меистод. Дар ҳамин давра 3 нафар кӯдак бо бемории нуқсони модарзоди дил зери назорат гирифта шуд, 1 кӯдак аз қайд бароварда шуд (аз он ҷумла 1 нафар солимгардонӣ), айни ҳол 25 нафар дар қайд меистанд (10 нафар писар ва 15 нафар духтар).

Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017.

    Дар Маркази саломатии шаҳр утоқи табиб-нарколог фаъолият дорад. Дар 11 моҳи соли 2015 51 бемори  гирифтори бемории нашъамандӣ дар қайди диспансерӣ духтур-наркологи Маркази саломатии шаҳр меистанд, ки аз ин шумора 2 нафар зан мебошанд. Ҳамаи беморон истеъмолкунандагони маводи сахттаъсири навъи героин мебошанд.

Агар ба ҳаракати диспансерии беморони гирифтори нашъамандӣ нигарем, аз соли 2008 то соли ҷорӣ сатҳи гирифторшавӣ ба нашъамандӣ тамоюли пастравӣ дорад. Дар соли 2008 63 (6 нафар зан) нафар дар қайд меистод, соли 2009-63 нафар (5 нафар зан), соли 2010-60 нафар (4 нафар зан), соли 2011-45 нафар (4 нафар зан), дар соли 2012 45 нафар (4 нафар зан), дар соли 2013 41 нафар (4 нафар зан), дар 11 моҳи соли 2015 52 нафар (2 нафар зан) дар қайд меистоданд.

Фавт аз бемории нашъамандӣ дар соли 2008- 2 нафар, соли 2010-3 нафар, соли 2011-2 нафар, соли 2012-1, соли 2013-1 нафар ба қайд гирифта шудааст. Синну соли фавтидагон 25-50 сола мебошанд. Дар 11 моҳи соли 2015 фавт аз бемории нашъамандӣ 1 нафар ба қайд гирифта шуд.

Беморони майзада дар 11 моҳи соли 2015 46 бемор дар қайд меистанд, ки аз онҳо 8 нафар зан мебошад.

Барномаи миллии иммунопрофилактика

Иҷроиши нақшаи иммунизатсия

Нақшаи иммунизатсияи кӯдакони синни то 6 сола мутобиқи тақвими амалкунанда таъмин гаштааст. Дар  11 моҳи соли 2015 иҷроиши нақшаи эмгузаронии БСҶ-99,7%, Геповакс1 ва ОПВ0-99,7%, ОПВ1-92,5%, ОПВ2-93,0%, ОПВ3-91,5%, ОПВ-90%, Пентаваленти1-92,3%, Пентаваленти2-93,7% Пентаваленти 3-91,5%, АКДС 4-73,7%, Кор1-90%, Кор2-94,7%, АДС-94,7%, ротовир1-81,0%, ротовир2-65,0% ба анҷом расидааст.

Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои саратон дар солҳои 2010-2015.

Дар зери назорати диспансери духтури саратоншинос дар 11 моҳи соли 2015 73 нафар бемор меистанд.

Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020

Дар 11 моҳи соли 2015 2 Корвони саломатӣ (2014-1), 224 лексия (2014-153), 20 семинар (2014-8), 24 мақола (2014-20), 16021 сўҳбату машварат (2014-12260), тақсимоти 6198 адад маводҳои иттилоотӣ (2014-3911) гузаронида шудааст.

Барномаи миллии боздошти интиқоли бемории вараҷа дар ҶТ

дар давраи солҳои 2011-2015.

Дар 11 моҳи соли 2015 дар ташхисгоҳҳои шаҳр ҷамъ 282 нафар  (дар ҳамин давраи соли 2014-393, соли 2013-528 нафар) аз ташхиси хун нисбати бемории вараҷа гузаштанд. Дар соли ҷорӣ, чун дар ҳамин давраи солҳои 2014 ва 2013 дар шаҳр ҳодисаи бемории вараҷа ба қайд гирифта нашудааст.

Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи  бемории диабети қанд дар ҶТ барои солҳои 2012-2017.

Дар 11 моҳи сипаришуда 181 бемор (2014-170) дар қайди диспансерии духтур бо бемории диабети қанд меистанд, ки аз ин шумора 106 нафар зан, 77 нафар мард мебошанд. Бори аввал бо бемории диабети қанд 2 нафар ба қайд гирифта шуданд (соли 2014-6 нафар), 4 нафар бемор аз қайди диспансерӣ бароварда шуд, аз он ҷумла 4 нафар фавтиданд (2014-2 нафар фавтид).

Аз шумораи умумии беморон 15 (2014-17) нафар бемор бо шакли инсулинвобастаи бемории диабети қанд дар қайд меистанд.

Дар байни кӯдакони то 14 сола 2 нафар (2 духтар) бо бемории қанд дар қайд меистанд, дар соли ҷорӣ кӯдакон бо бемории қанд ба қайд гирифта нашудаанд

Синну соли дигар бақайдгирифтагон  аз 20 сола боло мебошад.

Маъюбон бо бемории диабети қанд дар шашмоҳаи соли 2015  38  нафар дар қайд меистанд (гурӯҳи 1-2 нафар, гурӯҳи 2-34 нафар, гурӯҳи 3-2 нафар).

Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии барои Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр дар соли 2015 ҷудогардида барои таъмини беморони бемории қанд бо дорувориҳо 3000 (се ҳазор) сомонӣ  маблағ ҷудо шудааст.

Фаъолияти Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

     Дар 11 моҳи соли 2015 бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ҳамагӣ 2634 нафар (2014-1962),  аз он ҷумла илтиҳоби роҳи нафас (ОРИ)- 2422нафар (2014-1827), бемориҳои  илтиҳоби шадиди шуш 23 ҳодиса (2014-14) ба қайд гирифта шудааст. Бемориҳои бронхиолит-3 нафар, (2014-11) ба қайд гирифта шудааст, зуком ба қайд гирифта нашудааст (2014- нест). Аз он ҷумла, дар байни кӯдакони синни то 1 сола, илтиҳоби шадиди роҳи нафас 898 нафар (2014-523),  илтиҳоби шадиди  шуш 13 ҳодиса (2014-3), бронхиолит-3 (2014-6) ба қайд гирифта шудааст. Ҳамагӣ кӯдакони то4 сола дар хона табобат гирифтаанд -1743 нафар(2014-1266), дар беморхона бистарӣ шудаанд-296 нафар (2014-196). Бемориҳои илтиҳобии меъдаю руда-169 нафар(014-76), то 1-сола 62 (2014-37)

Бо бемориҳои камхунӣ дар байни кӯдакони то синни 5 сола 87 нафар (2014-79), бо камвазнӣ 60 нафар (2014-61) дар қайди табибон меистанд.

Чорабиниҳо ба муносибати “Соли 2015-Соли Оила”

Баҳри иҷрои супориши Раёсати тандурустии вилоят тибқи барқиянома дар шаҳри Чкалов нақшаи вохӯриҳо бо аҳолии шаҳри Чкалов дар маҳаллаҳо таҳияву тасдиқ гардида, дар асоси он дар 6 адад маҳаллаҳои шаҳри Чкалов аз тарафи табибони оилавии Маркази саломатии шаҳр, мутахассисони утоқи ташаккули тарзи ҳаёти солим, табибони Маркази солимии репродуктивии шаҳр, намояндагони бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр ва бахши фарҳанги шаҳр 10 маротиба вохӯриҳо гузаронида шуд. Инчунин, дар Донишгоҳи кӯҳи металлургии Тоҷикистон, коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Чкалов, қисми ҳарбии шаҳри Чкалов низ чунин вохӯриҳо баргузор гардида,  дар онҳо оид ба масъалаҳои банақшагирии оила, оқибатҳои хешутаборӣ ва дигар масъалаҳои ба солимии репродуктивӣ ва солимии кӯдакон вобаста сӯҳбатҳо гузаронида шуданд.

Кор бо муроҷиати шаҳрвандон

Дар 11 моҳи соли 2015 108 нафар хаттӣ муроҷиат, шифои — 106 мебошанд. Муроҷиати ҳар як шаҳрванд аз тарафи КАТС ҳаматарафа, холисона то ҳадди имкон қонеъ гардонида шуда, кӯмак бо дорувориҳо, маслиҳат, муоина, табобату таҳлил расонида шудааст ва оиди қонеъ гардонидани муроҷиати шаҳрвандон сипосномаи онҳо воридот шуд. Ариза, шикоят нисбат ба фаъолияти табибони КАТС ворид нашудааст.

Ҳисоботи ҳуҷҷатгузорӣ.

     Дар 11 моҳи соли 2015 ҳамагӣ 429 ҳуҷҷат ворид шуда, ҳамагӣ 632 ҳуҷҷат содирот карда шудааст, комиссияи назоратӣ аз маҷаллаи Президентӣ гузаштанд – 26 адад санҷиш қарор доштанд.

                                    Менеҷери КАТС                                             Эмомова Г.Қ.