Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Январь 17, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Бахшҳо » Сэс

Сэс

Маълумотнома

оиди фаъолияти Маркази назорати давлатии

 санитарию эпидемиологии ш. Чкалов

дар 11 моҳи соли 2015

Маркази назорати давлатии санитарию эпдемиологии ш. Чкалов фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №49 «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ», Қарорҳои Ҳукумати ҶТ доир ба беҳбуди ҳолатҳои санитари гигиени ва зиддиэпидемики равона карда шуда, инчунин Қарорҳои Раиси вилоят ва Раиси шаҳри Чкалов дар ин самт кабул карда шуда   Фармонҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ки ба баланд бардоштани вазъи санитарию гигиени ва дар асоси он паст намудани бемориҳои сирояти байни аҳоли ба амал расонида мешавад.

Оиди иҷроиши талаботҳои ҳуҷҷатҳои мазкур аз тарафи мутахассисони МНДСЭ-и ш. Чкалов бо ёрии ҳамавақтаи Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии шаҳр чораҳои мушахасс андешида, беҳбудии ҳолатҳои санитари гигиении иншоотҳои зериназоратиро якчанд маротиба баланд бардошта ба талаботҳои меъёрҳои санитари гигиени мувофиқат карда мешавад. Беҳбуд намудани чорабиниҳои санитари гигиенӣ  дар субеъктҳои хоҷагидор ба мо имконпазир гашт, ки назар ба солҳои гузашта дар тӯли 11 моҳи соли равон бемориҳои сирояти дар байни аҳолӣ алалхусус дар байни кудакони то 14 сола хело паст намояд.

Дар давоми 11 моҳи соли равон бо назардошти Қонуни ҶТ «Оиди муҳлатҳои санҷиши субъектҳои хоҷагидор аз 340 иншоотҳои зериназорати 440 маротиба аз санҷиш гузаронида шуд. Аз 440 санҷишҳо 273 иншоот бо тарики озмоиши гузаронида шуд. Дар равиши санҷишҳо ба иҷроиши Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ҳукуки истеъмолкунандагон» низ аҳмияти ҷидди дода мешавад.

Бо мақсади беҳбуд намудани ҳолатҳои санитари гигиени дар иншоотҳои хоҷагидори, мутахассисони марказ дар рейдҳои муштарак бо кормандони шуъбаи корҳои дохили ва прокуратураи шаҳр ҳамавакта ширкат меварзанд. Дар давоми 11 моҳи соли равон аз тарафи мутахассисони соҳави корхонаҳои саноати 85 маротиба, нуктаҳои савдо, хурокаи умуми ва корхонаҳои коркарди хурока 170 маротиба, муассисаҳои маориф 76 маротиба ва муассисаҳои коммунали аз он ҷумла тандурусти 108 маротиба ба зери санҷиш гирифта шуд.

Дар  равиши санҷишҳо аз руи конуншиканиҳои санитари дарёфт шуда чораҳои боздошти, ҷаримабанди, аз фуруш соқит кардани озуқаҳо ва маҳсулотҳои аз муҳлаташон гузашта  андешида мешуд.

Шахсан дар 11 моҳи соли равон аз тарафи мутахассиси соҳавии Марказ дар равиши санҷишҳо аз руи 133 нафар шахсони мутасадди ҳуҷатҳои ҷаримави сохта шудааст аз он ҷумла дар корхонаҳои саноати 27 нафар бо маблаги 3960 сомони дар нуктаҳои савдо, хуроки умуми ва корхонаҳои коркарди хурока 52 нафар бо маблаги 11080 сомони, муассисаҳои соҳаи маориф 12 нафар бо маблащи 2480 сомони, иншоотҳои комунали аз он ҷумла муассисаҳои тандурусти 42 нафар бо маблаги 9440 сомонӣ. Маблащи умумии ҷарима дар  моҳи соли равон ҳамаги 26960 сомониро ташкил намуд, ки он пурра ба суратҳисоби молияи ҶТ пардохт карда шуд.

Дар давоми 11 моҳи соли равон барои риоя накардани талаботҳои санитари – гигиени ва зиддиэпидемики аз тарафи мутахассисиони соҳавӣ 14 иншоот, яъне шӯъбаи хӯрока 4, шӯъбаи коммуналӣ 2 адад, 2 иншооти тандурустӣ, шӯъбаи меҳнат 2 адад , 4 муассисаҳои маориф муваккатан боздошта шуд.

Пурзур намудани назорат аз руи сифатнокӣ, нигоҳдорӣ ва фурурши озуқаҳо ва оби нӯшокӣ чораҳою санҷишҳои ташхисиро ҳамчун пешаи кор ба ҳисоб гирифта чорабиниҳо андешида мешуданд.

Дар давоми 11 моҳи соли 2015 дар озмоишгоҳи санитари бактериологи ва санитари кимёвии марказ ҳамаги 4963 ташхисҳо аз он ҷумла  ташхиси кимёвӣ 813 ва  ташхиси бактериологи 4150 гузаронида шуд.

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ барои ташхиси кимиёвӣ ва бактериологӣ  ба 374 адад оби нӯшокӣ, 905 намуна маводҳои хӯрока яъне шири ва гӯштӣ, маводҳои орди, канноди, нушокиҳои ташнашикан, маҳсулотҳои сабзавот ва полези, намаки оши ва гайра, ки дар натиҷаи санҷиш ҷавобгӯ набудани маҳсулотҳои зерин ба талаботҳои санитари ва стандартҳои амалкунанда муайян карда нашудааст.

Сари вакт ва бо сифатноки гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпидемики дар манбаҳои бемориҳои сирояти дар ҷойҳои зисти аҳоли, муассисаҳои мактаби ва томактабӣ, гузаронидани корҳои безараргардони имконияти пешгири ва роҳ надодан ба паҳншавии бемориҳо гардид.

Дар натиҷаи сари вакт гузаронидани эмкуни дар байни кӯдакони синашон то 14 сола ягон ҳодисаҳои бемори сирояти идорашаванда ба қайд гирифта нашудааст.

Дар давоми 11 моҳи соли равон назар ба ҳамин давраи  соли гузашта болоравии бемориҳои сирояти ба назар гирифта нашудааст.

Дар байни аҳолии шаҳр дар 11 моҳи соли равон ҳамаги 328 ҳодисаҳои бемории сирояти кайд карда шудааст. Аз он ҷумла 200 ҳодисаи шадиди рудаю меъда, 101 ҳодисаи зардпарвини вируси «А», 5 ҳодисаи зардпарвини вируси «В» 22 ҳодисаи бемории сил аз он ҷумла 19 ҳодисаи сили шакли кушода, 251 ҳодисаҳои бемориҳои сирояти идоранашавандаи ҳавои ва катрагин дар байни кудакони синнашон то 14 сола мебошад. Дар ҷамъи манбаҳои бемории сирояти чун дар чои зист ва чун дар муассисаҳои мактаби ва  томактаби ва дигар муассисаҳое, ки дар он ҷо бемориҳои сирояти ба кайд гирифта шудааст, корҳои безараргардони ва санҷишҳои озмоиши ҳомилҳои муҳити зист гузаронида шуд ва барои роҳ надодан ба паҳншавии бемориҳои сирояти чораҳои мушахаси санитари ва зиддиэпидемики гузаронида шуд.

Бо максади сари вакт дарёфт намудани бемориҳои сирояти ва бемориҳои касби дар байни ҷамъи кормандони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноати шаҳр гузаронидани муоинаҳои тибби дар муҳлатҳои мукараршуда яке аз чорабиниҳои асоси ба шумор меравад. Бо ин максад дар давоми 11 моҳи соли равон дар байни кормандони соҳаи савдо, хурокаи умум, кормандони муассисаҳои мактаби ва томактаби, тандурусти, фарогати коммунали 1508 кормандон аз муоинаи тибби даврави гузаронида шуд. Дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ таҳти №165 аз 30.05.2010с «Дар бораи пешгирии бемориҳои касбӣ» дар 11 моҳи соли равон дар байни коргарони корхонаҳои саноати шаҳр, ки фаъолияташон ба омилҳои зараррасон вобаста аст 386 нафар аз муоинаҳои тибби гузаронида шуд, ки аз байни онҳо ҳодисаҳои ба бемориҳои касби гирифтор шуда дарёфт карда нашуд.

Бо максади пешгири намудани пайдошави ва паҳншавии бемориҳои сирояти вобаста ба ҳолатҳои номусоиди санитари гигиени дар субъектҳои хоҷагидор аз тарафи шуъбаи безараргардони худмаблагузори профилактики мутобики шартномаҳои баста шуда дар тобеи шаҳр ҳамавакта корҳои безараргардони пешгирикунанда гузаронида мешавад. Дар давоми 11 моҳи соли ҷори дар тобеи шаҳр дар масоҳати 326369м 2 корҳои муборизави бар зидди хояндаҳо, 2218 м 2 бар зидди хашаротҳои маиши, 58664 м2 бар зидди барангезандаҳои бемориҳои сирояти гузаронида шуд.

Дар фаъолияти худ аз тарафи мутахассисони соҳави дар вакти гузаронидани санҷишҳо дар байни аҳоли, муассисаҳо ва ташкилотҳо корҳои фаҳмонидадиҳи бо тарики суҳбатҳои санитарию гигиени, бо тарики паҳн кардани варакаҳо, чопҳои маколаҳо, баровардани варакаҳои санитари оиди пешгирии бемориҳои сирояти пешаи кори худ гирифта буданд.

Аз руи таҳлили фаъолият дар давоми 11 моҳи соли равон хулоса бароварда мешавад, ки ҷамъи чорабиниҳои санитари гигиени ва зиддиэпидемики, ки гузаронидани онҳо вазифаи асосии мо буд аз тарафи мутахассисони муассисаи мо бо пурраги гузаронида шуда бо ҳамин амнияти санитари ва эпидемиологии аҳоли ш. Чкалов таъмин гардонида шуд.

Аммо кайд кардан лозим аст, ки иҷроиши карори ҶТ дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳоли ягона вазифаи кормандони соҳаи тибб набуда балки барои иҷроиши он ҷамъи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои новобаста аз шакли моликияташон вазифадор мебошанд. Лекин ташвишовар он аст, ки то  ҳоло чорабиниҳое, ки ба уҳдаи баъзе роҳбарони ташкилоту муассисаҳо оиди таъмини амнияти санитарию эпидемиологи гузошта шудааст ба кадри имкон ба амал расонида намешавад.

Дар тулии 11 моҳи соли ҷори дар байни аҳолии шаҳр 83 ҳодисаи газидани шаҳрвандон бо сагу гурбаҳо ба кайд гирифта шудааст.

Номгӯи ҳайвонот Маълум Номаълум Ҳамагӣ
1 Саг 42 27 69
2 Гурба 3 7 10
3 Муш - 2 2
4 Хорпуштаки хонагӣ 1 - 1
5 Харгӯш 1 - 1
  ҳамагӣ 47 36 83

 

Аз тарафи Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ аз ҷумла барои харидории 500 дона тир аз ҳисоби буҷети давлатӣ 6380 сомонӣ маблащгузорӣ карда шудааст. Аммо гурӯҳи қиркунандагони сагу гурбаҳои дайду ва бесоҳиб фаъолият дошта бошад ҳам то ҳол корҳои онҳо нокифоя  буда, ба пайдоиши бемории хори кафолат дода наметавонад. Айни ҳол дар миқиёси шаҳри Чкалов 269 сар сагу гурба аз тарафи қиркунанда нест карда шудаанд.

Дар асоси санҷишҳои пайдарпай ва пешниҳодҳои мутахассисони МНДСЭ аз тарафи кормандони Раёсати хоҷагии коммуналию манзили чорабиниҳои тозагардони санитариро яъне ободони намудани майдончаҳои партовҷамъкуни, сари вакт баровардани партовҳо, зиёд намудани шумораи  қуттиҳои партовҷамъкуниро ба роҳ монда бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар партовгоҳи умумишаҳрӣ марҳила ба марҳила ҳалли худро ёфтаистодааст. Яъне: гур кардани партовҳо, аз таъмир баровардани чуқурӣ барои гур кардани ҳайвонҳои фавтид (яма БЕККЕР). Инчунин дар оянда ба нақша гирифта шудааст ки девораи безараргардонии нақлиёти партовкашон барқарор ва ҳуҷраи коргарони партовгоҳ аз таъмири куллӣ бароварда мешавад.

Чуноне, ки дар боло кайд карда шуда буд пешгири пайдошави ва паҳншави бемориҳои сирояти аз тарафи шуъбаи дезинфексияи хумаблаггузори профилактики мутобики шартнома корҳои профилактики ба сомон расонида шуда истодааст.

Дар хотима бовари ҳосил намудан мумкин аст, ки аз тарафи мутахассисони МНДСЭ–и ш. Чкалов бо ёрии Хадамоти Макомоти иҷроияи ҳукумати давлати ҷамъи чорабиниҳои муҳофизати пешгири ва паҳншавии бемориҳои сирояти, беҳбуд намудани ҳолатҳои санитари субъектҳои хоҷагидор тамоми кувваю донишҳои худро сарфа намуда амнияти санитари ва эпидемиологии аҳолии ш. Чкаловро таъмин менамоянд.

Директори

          МНДСЭ – и ш. Чкалов                        Тошпулотов Б.У.