Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Пятница, Февраль 24, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Бахшҳо » Саноат

Саноат

Дар шаҳр моҳҳои январ-июни соли 2014 ба маблағи 25993,6 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 7974,3 ҳазор сомонӣ ё 45,3 фоиз зиёд мебошад.

Аз 34 намуди маҳсулоти асосии саноатӣ бо ифодаи аслӣ нисбати моҳҳои январ-майи соли 2013 истеҳсоли 28 (82,4%) номгӯй афзун гардид. Аз 9 корхонаи саноатӣ ҳамагӣ 5 корхона нисбати моҳҳои январ-июни соли 2013 истеҳсоли маҳсулоти саноатиро зиёд намуданд: ҶДММ  » Сомон энерҷи» ба маблағи 104,1 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Зиннат» ба маблағи 55,5 ҳазор сомонӣ,  ҶСП «Евро Азия 2005» ба маблағи 28,0 ҳазор сомонӣ, КД «Востокредмет»  ба маблағи 65,2 ҳазор сомонӣ, ҶММ КАЧ КМ «Хуҷанд-Зил» ба маблағи 10,3 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Суғд-Пак» ба маблағи 207,4 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Элегант» ба маблағи 254,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.