Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Пятница, Февраль 24, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Бахшҳо » Маориф

Маориф

Ҳисоботи

шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри

Чкалов дар 11 моҳи соли 2015

Дар соли таҳсили 2015-2016 мувофиқи 7 муассисаи таълимӣ бо 270 синфҳо –7166/3404 нафар хонандагон дар гимназияҳои №1 ва №2 бо равияи — ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, литсейи №1 бо равияи табиӣ-риёзӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3, №4, №10 ва №11 бо равияи умумӣ фаро гирифта шудаанд.

Соли таҳсили 2014-2015 395/177 нафар хонандагон муассисаҳои таълимии шаҳрро хатм намуда, аз ин шумора  174/88  нафарашон ба донишгоҳҳои дохили кишварамон,  17 нафар тибқи квотаи  Президентӣ, 96/ 31 нафар ба донишгоҳҳои берун аз ҳудуди кишвар  ва 32/22 нафар ба коллеҷу омӯзишгоҳҳо дохил шуданд, ки ҷамъи умумӣ 319 нафар хонандагонро ё худ 80,7 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта 8,1 фоиз зиёд мебошад.

- зиёда аз 346 м2 ё худ 100 фоизи муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ  шишабандӣ карда шуда, 36 мҳезум ё худ 100 фоиз ва 39 тонна ангиштсанг ё худ 102,6 фоиз дар муассисаҳои соҳаи маориф захира карда шудааст;

- шумораи умумии компютерҳо дар нуҳ моҳи соли 2015 ба 242 адад расид, ки нисбат ба охири соли гузашта 10 адад зиёд буда, ба 12,5 нафар  хонанда 1 адад компютер рост меояд;

Дар муассисаҳои таълимии шаҳр соли таҳсили 2015 — 2016 шумораи омӯзгорони ихтисосманд, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳр кору фаъолият доранд ба 389 нафар расидааст. Аз 389 нафар омӯзгорон 354 нафар омӯзгор бо таҳсилоти олӣ, бо таҳсилоти олии нопурра 18 нафар, бо таҳсилоти миёнаи махсус 17 нафар фаъолият доранд.

Сафи омӯзгорони щайрихтисос, ки 26 нафарро ташкил медиҳанд, Алҳол 18 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар шуъбаи щоибонаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд таҳсил менамоянд.

Соли ҷорӣ тибқи рӯйхати Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд бо роҳхат ба шуъбаи маорифи шаҳри Чкалов равона карда шуда буданд. Аз ҷумла 3 нафар тариқи квота (Шарифова Ганҷина Парвизовна, ки ба муассисаи таълимии №3 фиристода шудааст, ҳамчунин 4 нафар мутахассисони ҷавон, ки тариқи буҷавӣ таҳсил кардаанд. Тибқи ин рӯйхат як нафар мутахассиси ҷавон Ибраҳимова (Иномҷонова) Фирӯза Мирзоолимовна бо сабаби иваз шудани ҷойи истиқоматаш барои ощози фаъолияти омӯзгориаш ба муассисаи таълимии ноҳияи Б.Щафуров, ба муассисаи таълимии №29 иҷозат дода шуд. Шаш нафар мутахассисони  ҷавон бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гардиданд.

Бо мақсади муайян намудани сифати дониши хонандагон аз фанҳои таълимӣ  дар охири нимсолаи дуюми соли таҳсили 2014-2015 дар 7 муассисаи таълимӣ мониторинги сатҳи сифати донишазхудкунии хонандагон  гузаронида шуд: сифатнокӣ 44,38%, азхудкунӣ 81,94% ва холи миёнаи дониши хонандагон 3,3-ро нишон дод.

Санаи 4 ноябр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагон гузаронида шуд. Дар Олимпиадаи шаҳрӣ 514 нафар хонандагони синфҳои 7, 8, 9, 10 ва 11-и 7 муассисаи таълимӣ ва 35 нафар хонандагони синфҳои 7-9 Мактаби Президентӣ иштирок намуда, натиҷаи баҳогузории аъзоёни комиссияҳои фаннӣ нишон дод, ки аз муассисаҳои намуди нав 144 нафар, аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 146 нафар хонандагон ҷойҳои ифтихориро ишщол намуданд.

Хонандагони душвортарбия, ки дар қайди шуъбаи корҳои дохилии шаҳр қарор доранд дар охири соли 2015 ба 5 нафар расид.

Тибқи нақшаи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилояти Сущд бо мақсади сайқал додани маҳорат касбии омӯзгорон дар соли 2015 77 нафар омӯзгорон ва мураббиёни кӯдакистонҳо, дар курсҳои такмили ихтисоси ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.

Дар Олимпиадаи вилоятӣ 2 нафар хонандагони синфҳои 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 Шокирова Муқаддас ва гимназияи №1 Абдурахимов Искандар аз фанни забон ва адабиёти рус ва забони русӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои 2-юм гардиданд. Хонандаи синфи 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 Ортиқов Ҷаъфар аз фанни забони англисӣ барои иштироки фаъолона сазовори Ифтихорномаи Раёсати маорифи вилоят гардид.

Дар муассисаҳои таълимии шаҳр теъдоди хонандагони ятими кулл 21 нафар мебошанд, ки аз инҳо 13 нафарашон духтар ва 8 нафарашонро писарон ташкил медиҳанд. Хонандагоне, ки дар тарбияи модар мебошанд дар муассисаҳои таълимии шаҳр ҳамагӣ 176 нафар мебошанд, аз ҷумла 93 нафар духтарон ва 83 нафар писаронро ташкил мекунанд. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр баҳри беҳбудии шароити таҳсили хонандагони ятим шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Атфоли ятим аз ҳамаи маблащҳои муассисаҳои таълимӣ озод буда, маводҳои таълимӣ пурра ройгон дода мешаванд.

Дар тобеи шуъбаи маориф 2 муассисаи тарбиявии беруназмактабӣ фаъолият менамояд. Дар маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Чкалов дар 16 маҳфил 400 нафар хонандагон ва дар маркази таҳсилоти иловагии шаҳраки Палос бошад, дар 9 маҳфил 312 нафар  хонандагони  муассисаҳои таълимии шаҳри Чкалов ва ҷамоати шаҳраки Палос ҷалб шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ Марказ бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллӣ маҳфили “Қолинбофӣ”,”Бофандагӣ” ва “Сӯзанидӯзӣ”-ро ташкил намуд, ки дар он омӯзгорони пуртаҷриба вобаста карда шуда, 60 нафар хонандагон ҷалб карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои томактабии шаҳри Чкалов 56 гуруҳҳо амал намуда, 1633 нафар тарбиятгирандагонро фаро гирифтаанд. Ба ин тарбиятгирандагон 69 нафар мураббиён таълиму тарбиямедиҳанд. Дар муассисаҳои томактабӣ бо таҳсилоти олӣ 35 нафар, миёнаи махсус 29, ки 5 нафарашон бо таҳсилоти миёнаи махсуси томактабӣ фаъолият мебаранд.

Дар ҳудуди шаҳр 3 адад муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ (ду адад дар шаҳри Чкалов ва як адад дар шаҳраки Палос) фаъолият мебаранд.

Айни ҳол муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  №3 барои кабинети физика ба маблащи 4600 сомонӣ 15 миз; 30 курсӣ, 2 ҷевон;  дар литсейи №1  кабинети география бо маблащи 3000 сомонӣ пурра аз таъмир бароварда шуд. Барои муассисаи гимназияи №2 -кабинети химия ба маблащи 1100 сомонӣ  телевизор ва ДVД харидорӣ карда шуд.

         Бо ин мақсад дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабии шаҳр зиёда аз 257 адад гармкунакҳои барқӣ, 59 адад печкаҳои бухорӣ (аловин) ва барои фаъолияти мунтазами синфхонаҳои компютерӣ бошад 9 адад генераторҳои барқӣ мавҷуд мебошад. Дар ин давра бо мақсади омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016–ум ноқилҳои барқии ҳамаи муассисаҳои томактабӣ аз муоинаи техникӣ гузаронида шудааст.

Бояд қайд кард ки барои таъмири муассисаҳои таълимӣ ва томактабии шаҳр (бо ҳисоби умумӣ) дар соли 2014 53614,00 сомонӣ маблащ ҷудо гардида бошад, дар соли 2015 зиёда аз 77841,00 сомонӣ хароҷот карда шуд. 

Мудири шуъбаи маориф                   Ҷ.Икромиддинов