Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Январь 17, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Бахшҳо » Дин

Дин

Маълумотнома

оиди фаъолияти бахш оид ба корҳои

 дин, танзими анъана ваҷашну маросимҳои миллӣ дар

11 моҳи соли 2015

 Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов фаъолияти худро баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, риояи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳо ба роҳ монда истодааст.

  1. 1.     Фаъолияти комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр

Дар шаҳри Чкалов бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар канори 2 комиссияҳои доимӣ оид ба  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо зиёда аз 60 комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ташкилоту муассисаҳо, идораву ташкилот амал намуда, фаъолияти онҳо зери назорати ҳамешагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.

Дар ин давра баҳри дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бо қарори Раиси шаҳр ҳайати он аз нав таъсис дода шуда, Низомномаи он дар таҳрири нав аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳр тасдиқ гардид.

Ҳамчунин бо амри Раиси шаҳр, ҳайати комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҷдиди назар карда шуда, Низомномаи комиссия, тақсимоти вазифаҳо байни аъзои комиссия тасдиқ карда шуд.

Айни ҳол дар шаҳр 5 тӯйхонаву тарабхонаҳо фаъолият мекунанд, ки инҳо: «Гнездо Аристократ», «Дилшод», «Амирҷон», «Дидор», «Хуҷанд» ва «Хушбахтӣ» мебошанд. Фаъолияти тӯйхонаҳо ва ҷойи баргузории маъракаҳо дар шаҳр тибқи қонуни мазкур ба роҳ монда шуда, теъдоди иштирокчиёни маъракаҳо риоя карда мешаванд. Дар ин давра тӯйхонаи «Хуҷанд» фаъолиятро ба роҳ намонд.

Дар 11 моҳи соли 2015 дар шаҳр ва Ҷамоати шаҳраки Палос ҳамагӣ351 маъракаҳо баргузор гардиданд, ки нисабати ҳамин давраи соли 2014 — 51 маърака кам мебошад. Аз ҷумла 153 тӯйи арӯсию домодӣ нисабти соли 2014 — 32 адад кам, 143 маъракаи хатнасур нисбати соли 2014 — 37 адад кам, 55 маросими чилу солро, ки нисбати ҳамин давраи соли 2014 — 16 адад зиёд мебошад, ташкил медиҳад. Дар маъракаҳои баргузоршуда, 1552802 сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2014 – 34424 сомонӣ кам маблағ сарф шудааст, ки раванд аз сабаби мушоҳида гардидани бархе аз гарониҳо дар нархи маҳсулот ва маводҳои хӯрока мебошад.

Давоми 11 моҳи соли 2015 ҷиҳати таъмини риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зиёда аз 100 рейдҳои муштарак бо иштироки аъзоёни комиссия, кормандони шуъбаи  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр, кормандони Раёсати агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруспия дар вилояти Суғд, масъулини бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар тӯю маросимҳои шаҳрвандон гузаронида шуда, риояи қонуни мазкур мавриди санҷиш қарор гирифтанд.

  1. Корҳои хайру савоб ва дастгирии ниёзмандон

Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.02.2014, № АП-159 ва бандҳои 7.9. супориши протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.07.2014 оид ба расонидани кӯмакҳои моддии хайриявӣ ба хона-интернатҳо барои ятимон, хонаҳои пиронсолону маъюбон, оилаҳои маъюбдошта ва камбизоат, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар шахсони эҳтиёҷманд дар қаламрави шаҳр як қатор чораҳоро роҳандозӣ намуда истодааст.

Аз ҷумла бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов ва дастгирии саховатмандон танҳо дар моҳи март дар доираи ифтитоҳи тарабхонаи «Хушбахтӣ» ва дигар чорабиниҳои наврӯзӣ хатнасури 40 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, маъюбон ва як адад тӯи домодию арӯсӣ дар доираи эълон гардидани Соли 2015 – Соли оила гузаронида шуд.

Боиси зикр аст, ки дар 11моҳи соли равон бо баргузории 5 маърака дар маҷмуъ 52 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд, ятимон ва камбизоат ва 1 адад туи домодию арӯсии хайриявӣ баргузор гардид, ки 49 оила шаҳрро аз хароҷоти 121 ҳазору 117 сомонӣ озод намуд.

Оид ба расонидани кўмакҳо ба оилаҳои ниёзманд, дастгирии шахсони яккаву танҳо ва шахсони бепарастор аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ тадбирҳои судманд андешида шуда истодааст.

Аз ҷониби масҷиди ҷомеии шаҳр ба номи Имоми Аъзам ба 2 нафар оилаҳои ниёзманд, ки кўмакҳои унвонии ҳармоҳа мегиранд дар ин муддат мунтазам ҳар моҳ ба маблағи 750 сомонӣ ва дар маҷмуъ ба маблағи 8250 сомонӣ кўмак расонида шуд.

Дар ин давра аз ҷониби иттиҳодияҳои динии шаҳр ба оилаҳои ниёзманд, шахсони яккаву танҳо, бепарасторон, маъюбон ва дигар қишри ҷомеа ба маблағи 30802 сомонӣ кӯмак расонида шуд.

Аз ҷумла дар моҳи феврали соли 2015 аз ҷониби як намозгузор ба масҷиди ҷомеи шаҳр 30 адад болопўши гарм (палто) ба маблағи умумии 8400 сомонӣ, ки ҳар як ададаш 280 сомонӣ арзиш дорад оварда шуда, ба ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд тақдим карда шуд. Ҳамчунин дар моҳи март дар доираи чорабиниҳои наврўзи аҷам аз ҷониби як намозгузор бо тавсияи масъулини масҷиди ҷомеи шаҳр ба номи Имоми Аъзам ба истиқоматкунандаи шаҳр маҳаллаи Ғалаба хонаи 26 ҳуҷраи 48 ба маблағи умумии 6300 сомонӣ кўмаки моддӣ расонида шуд. Ҳамчунин дар арафаи Иди Қурбон аз тарафи масҷиди ҷомеи шаҳр ба номи Имоми Аъзам ба  51 оилаҳои кабизоат 1кг гӯшт тақсим карда шуд. Илова бар ин, аз ҷониби иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ дар ин давра зиёда аз 800 адад туҳфаҳои гуногуни ба намуди бозичаҳои кӯдакона ба кӯдакони оилаҳои ниёзманд, хонандагони мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастрас карда шуд.

  1. 3.     Ташкили вохӯриву суҳбатҳо бо аҳолӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва робита бо васоити ахбори умум

Дар ин давра баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ аз қабили ба бар намудани либосҳои бегона ва тарғиби либоси миллӣ дар рӯзномаи ҷумҳуриявии «Ҷавонони Тоҷикистон» ва рӯзномаи шаҳрии «Паёми Чкалов» зиёда аз 8 мақолаҳои бевоситаи масъулини бахш ба нашр расонида шуд. Ҳамчунин дар ин давра дар ин самт 3 баромади масъулини бахш тариқи телевизион ва радио ба роҳ монда шуд.

Вобаста ба татбиқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби масъулини бахш тадбирҳо андешида шуда, дар ин самт як қатор корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда шуд.

Аз ҷумла санаи 23-январ дар намоиши мустақими Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази саломатии шаҳр ва дар Донишкадаи куҳӣ-металлургтии Тоҷикистон масъулини бахш ширкат варзида, бо ҳозирин пас аз анҷоми Паём паҳлуҳои онро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Ҳамчунин санаи30 январи соли ҷорӣ дар Донишкадаи куҳӣ-металлургтии Тоҷикистон бо иштироки прокурори шаҳри Чкалов мушовири адлияи дараҷаи 1, Имомзода Н.Х., мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД МЭЛС Мамнур, Раиси КИ ҲХДТ Усмонов И.И., муовини сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Чкалов подполковники милитсия Умаров А.И., мутахассиси пешбари бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД Хушдилов А. ва нозири хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД ҶТ дар ш.Чкалов лейтенанти калони милитсия Ахмедов П.И. оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мулоқот доир гардид.

Дар оғоз устоди Донишкада Нозук Нуров оид ба паҳлуҳои Паёми навбатии Сарвари давлат ибрози андеша намуда, зикр дошт, ки омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат бо руҳу илҳоми тоза аз ин Паём баҳри тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва хештаншиносиву худогоҳӣҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳанд.

Ҳамчунин санаи 2 феврали соли ҷорӣ бо иштироки прокурори шаҳр, мушоври адлияи дараҷаи 1, Имомзода Н.Х., сардори шуъбаи шаҳрии дар шаҳри Чкаловбудаи РКДАМ дар вилояти Суғд Муродов Б.Б., сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Чкалов Ваҳобов Б.Б., Раиси суди шаҳри Чкалов Қурбониён С.А. ҷаласаи назди Раиси шаҳр муҳтарама Рухсора Давлатзода оид ба риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов МЭЛС Мамнур, раиси Кумитаи заминсозии шаҳр Х.Ҳайдаров, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Ҳ.Раҷабов, мутахассиси бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД Шарипов А. сардухтури МНДСЭ – и шаҳрҚурбонов Ҷ.С. иштирок доштанд. Дар ин ҷаласа вобаста ба татбиқи ҳамешагии қонуни мазкур ба масъулин дастур дода шуд.

Санаи 10 февралдар литсеи № 1 бо иштироки мудири шуъбаи маорифи шаҳр Икромиддинов Ҷ.Н., Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Усмонов И.И., мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД МЭЛС Мамнур, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Б.Қудратов оид ба «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ» вохӯрӣ доир гардида, дар ин самт ба хонандагон ҳушдор дода шуд. Чунин мулоқот бо хонандагони МТМУ № 10 низ бо иштироки масъулин доир гардид.

Санаи 13 феврал дар ДКМТ бо иштироки мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД МЭЛС Мамнур, имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳр ба номи Имоми Аъзам ва корманди ШВКД ҶТ дар шаҳри Чкалов Орипов Андалеб дар мавзӯи «Татбиқи ҳамешагии Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва ҳифзи арзишҳои дини мубини ислом» вохӯрӣ доир гардид.

Ҳамчунин санаи 26 феврал феврали соли ҷорӣ дар толори МТМУ № 11-и Ҷамоати шаҳраки Палос вобаста ба эълон гардидани соли 2015 – соли оила, соли рушди фарҳанг, роҳҳои обод ва гулкорӣ бо зиёда аз 250 нафар духтарон вуохӯрии мудири бахш МЭЛС Мамнур доир гардида, оид ба тарғиби либоси миллӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ ва амсоли инҳо сухан ронда шуд.

Ҳамчунин худи ҳамон рӯз бо намозгузорон ва фаъолони Ҷамоат мулоқоти мудири бахш атрофи масъалаҳои татбиқи Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, соли 2015 – соли оила, соли рушди фарҳанг, роҳҳои обод ва гулкорӣ мулоқот доир гардид.

Санаи 27 март бо иштироки масъулини шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр санаи 27 марти соли ҷорӣ машварати кории назди муовини Раиси К. Мухторов оид ба «Масоили батанзимандозии фарҳанги либоспӯшии шаҳрвандон ва пешгирии тамоюли бегонапарастӣ» баргузор гардида, баҳри ҷалби фаъолон, аъзоёни гуруҳи тарғиботиву ташвиқотӣ ва пешвоёни соҳа ба онҳо дастур дода шуд.

Бо ин мақсад санаи 30 марти соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сарварони муассисаҳои таълимӣ, мудирони кӯдакистонҳо, мудирони шуъбаву дармонгоҳҳои шаҳр, пешқадамони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, роҳбарон ва намояндагони бозорҳо ва нуқтаҳои савдо, раисони кумитаи Шӯрои маҳаллаҳо ва пешвоёни маҳаллаҳо, фаъолони шаҳр ва Ҷамоати шаҳраки Палос чунин ҷаласа доир гардид.

Муовини Раиси шаҳр оид ба масъалаи пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ, тарғиби либоси миллӣ, афзоиши гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, иштирок дар муқавиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷ ва амсоли инҳо ибрози назар намуда, ба ҳамагон оид ба пешгирии ин зуҳуротҳои номатлуб дастур дод.

Сипас, оид ба масъалаи мазкур имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳр ба номи Имоми Аъзам, Бегмурод Самиев суханронӣ намуда, ба ин масъала аз нигоҳи масоили шаръӣ равшанӣ андохта, ин омилҳоро тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона унвон дода, бо овардани далелҳо аз ҳадисҳои Паёмбари ислом асоснок намуд.

Дар охир қайд гардид, ки бояд дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳр ва Ҷамоати шаҳракаи Палос байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда шуда, сабабу омилҳои ба бар намудани ҳиҷоб ва либосҳои сиёҳ муайян ва барои пешгирӣ намудани он тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ карда шавад. Ҳамчунин дар ҷаласа таъкид гардид, ки аъзои гуруҳи корӣ дар муносибат ба аҳолӣ ба тафриқа ва иғвоандозӣ роҳ надода, бо истифода аз фарҳанги волои инсонӣ ва маҳорати кордонӣ ба ин раванд муносибат намоянд. Бо ин мақсад баҳри пешгирии қонуншиканиҳо аз тарафи кормандони бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо кормандони прокуратура ва шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Чкалов чораҳои мушаххас андешида мешавад. Чунончӣ аз рӯи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов ва прокуратура санаи 24.08.2015 вохӯрии Раисони маҳаллаҳои шаҳр бо муовини Пракурори шаҳр Дустзода Садридин Рустам доир гардида, тамоми роҳбарони  иттиҳодияҳои диние, ки дар шаҳр фаъолият мебаранд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти қонуни мазкур ба аҳолӣҷамъ оварда шуданд. Инчунин санаи 11 сентябри соли ҷори баҳри амалӣ гардидани қонуни мазкур дар қасри фарҳанги шаҳр вохӯрии раисони хонаҳои баландошиёна, фаъолони маҳаллаҳои шаҳр, раисони маҳаллаҳо бо роҳбарияти шаҳр доир гардид.

Ҳамзамон дар ин муддат аз ҷониби масъулини бахш дар шаҳр ва Ҷамоати шаҳраки Палос силсилаи мулоқотҳо перомуни Пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва амсоли инҳо ташкил ва гузаронида шуд.

  1. 4.     Фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, раванди фурӯши адабиёт ва фиттаҳои динӣ, муроҷиат ба ҳаҷ

Дар қаламрави шаҳри Чкалов 1 масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзам ва 1 масҷиди панҷвақтаи ба номи Имом Бухорӣ воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Палос амал мекунад. Ғайр аз ин 5 ташкилотҳои динии ғайриисломӣ:

1. Калисои Исои Масеҳои баптистҳо «Любов Христа»

2. Калисои провославии «Иверской иконқБоҷей матери»

3. Калисои Христиании «Филаделфия»

4. Калисои Новоапостолӣ

5. Калисои Инҷилии Масеҳиён «Пристан спасения» фаъолият мебарад.

Ҳамаи ҳафт иттиҳодияи динӣ соли 2009 аз ташхиси давлатии диншиносии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст.

Мазмун ва муҳтавои мавъизаи имом ва имомхатиб дар доираи аҳкоми Ислом ва шариати он буда, дар баромадҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» риоя карда мешавад. Дар баромади онҳо муаммо ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии шаҳр низ мавриди баррасӣқарор мегирад (амсоли ҳурмату эҳтироми муаллим, аз вақти дарс нарафтан ба масҷид, дар либоспӯшӣ тақлид накардан ба мардуми Ғарб ва Шарқ, муқаддас доштани арзишҳои миллӣ, кӯмак ба оилаҳои камбизоат, ҳашар, шанбегиҳо ва ғайра). Ходимони дин ба гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботӣҷалб карда шудаанд ва дар вохӯриву мулоқотҳо фаъолона иштирок менамоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷамъомадҳои намози ҷумъа зиёда аз 26 маротиба мавизаҳо дар мавзӯҳои мухталифи пешрафти ҷомеа, дастовардҳои даврони истиқлолият ва пешгирии ҳаргуна ҳодисаҳои номатлуб дар байни аҳолӣқироат гардид.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахш дар масҷиди шаҳр мунтазам рейди муштарак оид ба пешгирии ҷалби хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба таълимотҳои динӣ ва иштироки онҳо дар намози ҷумъа дар вақти дарс доир гардид. Дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби шуъбаи маорифи шаҳр, шуъбаи корҳои дохилӣ ва имомхатиби шаҳр ба роҳ монда шудааст.

Дар ин давра бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва мазҳабҳои ғайр дар шаҳри Чкалов тадбирҳо андешида шуда, дар самти тарғиби волоияти қонун мунтазам байни аҳолӣ ва намозгузорон суҳбату вохӯрӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳамчунин ҷиҳати пурзӯр намудани назорати рафти баргузории намозҳои ҷумъа, зери назорат қарор додани фаъолияти камераҳои мушоҳидавӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар ин самт як қатор корҳо роҳандозӣ гардид. Вобаста ба ин фаъолияти камераҳои назоратии масҷиди ҷомеи шаҳр зери назорати ҳамешагӣқарор дода шуда, дар масҷиди панҷвақтаи ба номи Имом Бухорӣ 3 адад камераҳои назоратӣ насб карда шуд.

Дар шаҳри Чкалов 1 матбаа мавҷуд аст, аммо фаъолияти он танҳо бо чопи варақаҳо ва ҳуҷҷатҳои корхонаҳои давлатӣ маҳдуд аст. Дар шаҳр матбааи чопи китобҳои динӣ ва студияҳои сабти аудио ва видео мавҷуд нест.

Дар ин давра бо мақсади пешгирии фурӯши дикс ва адабиёти хусусияти динидошта рейдҳои муштарак гузаронида шуда, дар ин самт корбарӣба роҳ монда шуд.

Дар 11 моҳи соли 2015 ба бахш 49 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда, теъдоди шаҳрвандоне, ки дар дафтари бақайдгирии сафари Ҳаҷи фарзӣ барои шаҳрвандони шаҳри Чкалов  номнавис шудаанд, ба 491 нафар расидааст.

Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов минбаъд ҷиҳати татбиқи ҳамаҷонибаи дастуру супоришҳои Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа ва роҳнамоии масъулини мақомотҳои гуногуни давлатӣ кўшиш ба харҷ хоҳад дод.

Мудири бахш                               Б.Қудратов