Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Январь 17, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Баргузории тантанаҳои солинавии фарзандони оилаҳои ниёзманд

Баргузории тантанаҳои солинавии фарзандони оилаҳои ниёзманд 

IMG_5556

Дирӯз, 30 декабр раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода дар театри драмма ва мазҳакаи ба номи А.С.Пушкин дар тантанаҳои солинавии фарзандони оилаҳои ниёзманд, камбизоат ва дигар қишри ҷомеа иштирок намуда, нахуст ҳамаи онҳоро бо фарорасии соли нави милодии 2017 аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳният гуфта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Барномаи рангини солинавии ҳунармандони театрро кӯдакон бо табъи болида тамошо карда, дар васфи соли нав шеъру сурудхонӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл бо ибтикороти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чунин чорабинии хотирмон бо иштироки кӯдакони имконияташон маҳдуд баргузор гардид.

Шарҳ диҳед