Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Январь 17, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Баргузории конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Об манбаи ҳаёт»

Баргузории конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Об манбаи ҳаёт» 

Донишкадаи_мо_0024

Қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки аз ташаббусҳои навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, дар назди ҳайъати устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистонро вазифаҳои нави таҳқиқоти самтиро гузошт.

Ба ин муносибат чанде қабл дар Донишкада конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Об манбаи ҳаёт» баргузор гардид, ки дар кори он олимон, мутахассисон, намояндагони ҳавзаҳои илмӣ ва устодон иштирок намуданд. Дар конфронс масъалаҳои умдаи об дар сатҳи Тоҷикистон ва ҷаҳон, натиҷаҳои тадқиқоти самтии устодони донишкада ва ҳамкорони онҳо, ҷабҳаҳои иқтисодии сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва муаммоҳои норасоии оби ошомиданию ҳолатҳои вобаста ба он баррасӣ гардиданд.

Ректори донишкада–Фозилзода М.М., бо хушнудӣ аз қатъномаи қабулгардида сухан ронда, қайд намуд, ки масоили таҳқиқот ва омӯзишу гуногунҷабҳаи обӣ аз ҳарҷиҳат актуалӣ буда, имконияти хубе баҳри боз ҳам ба ҷаҳониён маълуму машҳуртар гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Доникшадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон низ дар ин радиф фаъолияти мусбӣ нишон дода, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас, кӯшишҳои амалии худро дареғ намедорад.

Баъдан устодони Донишкада оид ба масъалаҳои тақсимоти об дар Осиёи Миёнааз даҳсолаи «Об барои ҳаёт» ба даҳсолаи «Об барои рушди устувор» хосияти кимиёии об, фарҳанги истифодабарии об ва амсоли инҳо маърӯза намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар конфронс 28 мавзуъ вобаста ба масъалаҳои об ироа гардид.

Мавриди зикр аст, ки то ин дам, олимони Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон масоили баҳодиҳии дараҷаи олудашавии обҳои байнисарҳадии давлатҳои Осиёи Миёна — Сир-дарёро анҷом доданд, ки бо ҳамкории инстутҳои соҳавии давлатҳои Осиёи Миёна, Руссия, Белоруссия, Украина ва Норвегия ба даст омадааст. Дар ин омӯзиш, лабораторияи муосиртарин барои таҳқиқоти об дар Донишкада таъсис дода шуда, натиҷаи тадқиқот ба 8 забон дар намуди китоб ба нашр расид ва мавриди истифода қарор дорад. Раёсати донишкада ташабуси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури роҳнамои кори худ қарор дода, аллакай дар ин замина, донишкада соҳиби гранти Академияи Миллии илмҳои Иёлоти Мутаҳидаи Амрико «Таҳқиқоти обҳои байнисарҳадии Осиёи Марказӣ-Омударё» гашт, ки масъалаи идоракунии якҷояи захираҳои обиро меомӯзад ва ҳамкорони лоиҳа: Донишгоҳҳои Қирғизистон, Афғонистон, ИМА, ва оҷонсии таҳқиқоти кайҳонии НАСА-и ИМА мебошад.

Шарҳ диҳед