Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Пятница, Февраль 24, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Аёдати кӯдакони имконияташон маҳдуд дар остонаи Соли нав

Аёдати кӯдакони имконияташон маҳдуд дар остонаи Соли нав 

сайт

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо ибтикороти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар остонаи таҷлили Соли нави милодии 2017 аёдати кӯдакони имконияташон маҳдуд, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва дигар қишри ҷомеа идома дорад.

Дар ин раванд дирӯз бо иштироки Раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода дар театри “Лӯхтак”-и шаҳр барномаи рангини фарҳангии солинавӣ баҳри болидахотирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва волидони онҳо ташкил карда шуд.

Нахуст Рухсора Давлатзода фараҳи соли навро ба ҳозирин таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандӣ ва саодати зиндагӣ таманно намуд. Зикр карда шуд, ки давлату Ҳукумат мунтазам масъалаи дастгирии давлатии оилаҳои ниёзманд, шахсони имконияташон маҳдуд ва ятимону барҷомондагонро зери таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарор дода, барои пуштибонии ин қишри ҷомеа тадбирҳо меандешад.

Дар интиҳо ба кулли иштирокдорон туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории аёдати пирону бароҷомондагон, ниёзмандон ва ятимону маъюбон дар арафаи соли нави милодии 2017 идома дошта, барои фарогирии бештари ин қишри ҷомеа кӯшишҳо равона гардида истодааст.

Шарҳ диҳед